Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазорат: на “вируси корона”, балки гирифторонаш ба шифохонаҳо баргаштанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники, архивное фото
Медицинские работники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон мавориди афзоиши маризон дар шифохонаву манозили мардумро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи таҳқиқе, ки мутахассисони ин ниҳод дар шифохонаҳо гузарондаанд, маризиҳо миёни бузургсолон, ҳатто кӯдакон дар пайи якбора ва бесобиқа гарм шудани ҳаво афзоиш ёфтааст.
“Онҳо дар пайи нӯшидани оби сард, хӯрдани яхмос ё дигар чизҳои хунук ба маризиҳо, аз ҷумла илтиҳоби шуш печидаанд. Аксари онҳо афродеанд, ки дар гузашта ба маризии “вируси корона” гирифтор шуда буданд. Шуши онҳое, ки бо нишона ё бе нишона ин маризиро аз сар гузарондаанд, ба як солу бештар аз он кор дорад, то пурра барқарор шавад”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Сухангӯи вазорати тандурустӣ гуфт, нишондоди рентгенҳои аз ин маризон гирифташуда нишон медиҳад, ки вазъи шуши онҳо хуб нест ва рӯ ба беҳбудӣ надорад.
“Вақти рухсат шудан аз шифохона духтурон ба онҳо маслиҳат додаанд, ки чӣ кор кунанду чӣ кор накунанд. Масалан, нӯшидани оби хунук қатъиян манъ аст. Бо ин вуҷуд, мо аз онҳо тест мегирем, ки оё воқеан “вируси корона” – ро гузаронидаанд, ё хайр. Тестҳои онҳо мусбӣ намебарояд. Ягон мавриди нав нест”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мавориди гирифторӣ ба COVID-19 аз сӯи озмоишгоҳҳо ва шифохонаҳо дар Душанбеву Хуҷанд таъйид шудааст.
Sputnik Тоҷикистон низ ба як қатор иттилооте даст ёфт, ки дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” ва Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд теъдоди гирифторони пневмония ё илтиҳоби шуш афзудааст.
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Ӯзбекистон ба Афғонистон барои пешгирӣ аз коронавирус кумаки башардӯстона ирсол кард
Соли 2020 низ вазорати тандурустӣ дар оғози хуруҷи “вируси корона” аз гирифторӣ ба илтиҳоби шуш мегуфт, то ин ки мавориди гирифторӣ ба COVID-19 – ро таъйид накард. Сухангӯи вазорати тандурустӣ гуфт, ҳар озмоишгоҳ ва ҳар шифохонае, ки мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” – ро ошкор мекунад, иттилоъро қабл аз ҳама дар ихтиёри вазорати тандурустӣ қарор медиҳад.
“Афроди гумонбар, онҳое, ки сурфа, шамолхӯрӣ ё дигар нишонаи COVID-19-ро доранд, зиёданд. Шифохонаҳо ҳар шаб аз 3 то 10 нафари гумонбарро пешниҳод мекунанд, ки ҳама ташхиси лабораторӣ мешаванд, аммо тестҳо манфӣ мебароянд”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Сухангӯи вазорати тандурустӣ гуфт, вазъ он гуна ки тасвир мекунанд, ташвишовар нест, аммо ин маънои онро надорад, ки вазорати тандурустӣ беташвиш аст.
“Мо вазъи Русияву кишварҳои ҳамсоя, дар сатҳи ҷаҳон Ҳинду Туркия ва ғайраро дида, ташвиш мекашем. Ҳеҷ истисно буда наметавонад, ки ин маризӣ хуруҷ кунад. Мо бояд омода бошем ва тавре, ки вазорат ҳамеша ихтор медод, шаҳрвандон набояд дар ғафлат монанд ва тадобири беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, то ба ҳол 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус сабт шуда, аз ин шумора 90 нафар ҷонҳои худро бохтанд ва бақия ҷон ба саломат бурдаанд.
Лентаи хабарҳо
0