Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Роҳбари СҶБ ҳам ба эҷоди коронавирус дар шароити лабораторӣ бовар дорад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, дар марҳилаи аввали таҳқиқи пайдоиши ин вирус ҷониби Чин ҳамкории кофӣ зоҳир накард. Ба гуфтаи ӯ дар кори онҳо шаффофият дида нашуд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Мудири генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебресиес мегӯяд, ихроҷи SARS-CoV-2 -ро аз шароити лабораторӣ истисно намекунад. Вай ин суханонро дар ҳамоиши сарони G7 гуфтааст, менависад РИА Новости.
Роҳбари СҶБ хотиррасон кард, ки ҳадди аққал 174 миллион нафар ба ин дард гирифтор шуданд ва 3,75 миллион мариз ҷони худро аз даст доданд.
"Ман фикр мекунам, ин одамон бояд фаҳманд, ки вируси мазкур аз куҷо пайдо шудааст. Онҳо ҳаққи инро донистан доранд. Ин барои он зарур аст, ки мо дар оянда такрори пандемияро пешгирӣ кунем", - афзудааст Гебрейесус.
Ба гуфтаи вай, дар марҳилаҳои аввали таҳқиқи пайдоиши SARS-CoV-2 аз ҷониби Чин "шаффофият ва ҳамкорӣ" кофӣ набуд. Вай афзуд, ки ҳар фарзия бояд ба назар гирифта шавад.
"Дар мубодилаи маълумот, алахусус маълумоти хом мушкилот пеш омаданд ... Умедворем, ки дар марҳилаи оянда ҳамкорӣ беҳтар хоҳад шуд", - хулоса кард роҳбари СҶБ.
Медицинские работники ковид-госпиталя, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Дар Русия афзоиши баланди сироятёбӣ ба коронавирус сабт шуд: беш аз 13 000 дар як рӯз
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи март гузориши пурраи гурӯҳи коршиносонро, ки барои муайян намудани пайдоиши ин вирус ба шаҳри Вуҳан сафар намуда буданд, нашр кард.
Мутахассисони СҶБ хуруҷи вирусро аз лаборатория "номумкин" ҳисобида пешниҳод намуданд, ки SARS-CoV-2 аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони дигар ба одамон гузаштааст.
Аммо натиҷаи ин гузоришро Амрико ва 13 кишвари дигар напазируфтанд ва дархости баргузор кардани "тафтишоти мустақил" - ро изҳор доштанд.
Чин бошад борҳо таъкид кардааст, ки нисбати нашр намудани маълумотҳо оиди пандемияи COVID-19 мавқеи кушода ва масъулиятнок дорад.
Лентаи хабарҳо
0