Ҳалокати дучархарони 6 сола зери чархи мошини боркаши “Камаз”

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкВодитель "КАМАЗ", архивное фото
Водитель КАМАЗ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамае хабар дод, ки дар он духтарчаи 6-сола зери чархи мошини боркаш ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон ҳодисаи нохуш санаи 12 июн дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, Ҷӯраев Маҳкам, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, дар чорроҳаи кӯчаи М.Горкий, дучархарони хурдсол Хуршедзода Фарзона, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Пахши пирамарди дучархарон: баъд аз садама марди 71-сола дар бемористон ба ҳалокат расид
“Дар натиҷа, хурдсол Хуршедзода Ф. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур кормандони милитсия таҳқиқотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0