https://sputnik.tj/20210614/britoniyoho-bayden-nishst-matbuoti-putin-mashara-1040199836.html
Бритониёҳо Байденро барои радди нишасти матбуотӣ бо Путин масхара карданд
Бритониёҳо Байденро барои радди нишасти матбуотӣ бо Путин масхара карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷо Байден аз нишасти матбуотии муштарак бо Владимир Путин даст кашид. Зимнан, шаҳрвандони Бритониё ин амали раисиҷумҳури Амрикоро мавриди масхара қарор доданд
2021-06-14T09:00+0500
2021-06-14T09:00+0500
2021-06-14T09:00+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
бритониё
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004913_0:105:3071:1832_1920x0_80_0_0_e615163aaa685d17a51cdd8c8bcb752c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Хонандагони Daily Mail президенти ИМА Ҷо Байденро барои сарпечӣ аз баргузории нишасти хабарии муштарак бо раҳбари Русия Владимир Путин пас аз нишасти Женева танқид карданд. Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки пас аз гуфтушунид сарони давлатҳо ба таври ҷудогона нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.Байден дар робита ба баргузории нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки нишасти матбуотӣ рақобате нест, ки дар назди камера кӣ беҳтар зоҳир шавад ва кӣ шарманда мешавад. Аммо корбарон баргузор нашудани нишасти муштаракро ба заифии Байден рабт медиҳад.EJMcG тахмин намудааст, ки чун бонуи аввали Амрико он ҷо ҳузур пайдо намекунад ва президентро ба посух гуфтан водор намекунад, аз ин рӯ ӯ ин пешниҳодро қабул накард.Корбари дигар бо номи SigXнавиштааст, ки "бояд кӯр буд, то як чизро мушоҳида накард: Путин ӯро пора-пора мекунад. Ҷаҳон инро дарк кард".Ёдовар мешавем, ки кишвардорони Амрико ва Русия Ҷо Байден ва Владимир Путин рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева дидору мулоқот баргузор мекунанд.Ин вохӯрӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден сурат хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20210611/shveytsariya-bayden-putin-aloqai-havoi-bast-1040159619.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1039004913_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_092155fd7ffe12da87ba7d4fac5f2b91.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден, амрико, владимир путин, русия, нишасти матбуотӣ
ҷо байден, амрико, владимир путин, русия, нишасти матбуотӣ
Бритониёҳо Байденро барои радди нишасти матбуотӣ бо Путин масхара карданд
Ҷо Байден аз нишасти матбуотии муштарак бо Владимир Путин даст кашид. Зимнан, шаҳрвандони Бритониё ин амали раисиҷумҳури Амрикоро мавриди масхара қарор доданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Хонандагони Daily Mail президенти ИМА Ҷо Байденро барои сарпечӣ аз баргузории нишасти хабарии муштарак бо раҳбари Русия Владимир Путин пас аз нишасти Женева танқид карданд.
Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки пас аз гуфтушунид сарони давлатҳо ба таври ҷудогона нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Байден дар робита ба баргузории нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки нишасти матбуотӣ рақобате нест, ки дар назди камера кӣ беҳтар зоҳир шавад ва кӣ шарманда мешавад. Аммо корбарон баргузор нашудани нишасти муштаракро ба заифии Байден рабт медиҳад.
"Байден аз ҳад зиёд метарсад ва ба Путин лозим ҳам намеояд, ки ӯро шарманда кунад, зеро вай ҳар боре, ки даҳон мекушояд, худро шарманда мекунад", - навиштааст Fran12.
EJMcG тахмин намудааст, ки чун бонуи аввали Амрико он ҷо ҳузур пайдо намекунад ва президентро ба посух гуфтан водор намекунад, аз ин рӯ ӯ ин пешниҳодро қабул накард.
"Байден ба он хотир нишасти матбуотии муштарак намехоҳад, ки он ҷо доираи зиёди хабарнигорони Амрико ва Русия гирд меоянд, ки он қадар Байден "дӯстдор" нестанд. Ба Байден идора кардани онҳо мушкил мешавад ва ӯ ҳатман шарманда хоҳад шуд", - навиштааст Saimon.
Корбари дигар бо номи SigXнавиштааст, ки "бояд кӯр буд, то як чизро мушоҳида накард: Путин ӯро пора-пора мекунад. Ҷаҳон инро дарк кард".
"Маълум аст, ки Байден аз Путин метарсад", - навиштааст Шон Ҳаннитӣ.
Ёдовар мешавем, ки кишвардорони Амрико ва Русия Ҷо Байден ва Владимир Путин рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева дидору мулоқот баргузор мекунанд.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден сурат хоҳад гирифт.