https://sputnik.tj/20210614/arabiston-maghoza-koronavirus-em-1040203774.html
Арабистон дари мағозаҳоро ба рӯи нафарони аз коронавирус эмногирифта маҳкам мекунад
Арабистон дари мағозаҳоро ба рӯи нафарони аз коронавирус эмногирифта маҳкам мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Шароити буду боши нафароне, ки алайҳи коронавирус эм нагирифтаанд, дар Арабистони Саудӣ маҳдуд мешавад
2021-06-14T13:22+0500
2021-06-14T13:22+0500
2021-06-14T13:28+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
арабистон
эмгузаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102462/16/1024621659_0:191:2961:1857_1920x0_80_0_0_e3f1985d30700578aad4880295a47098.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Арабистони Саудӣ бинобар пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад.Манобеи ТАСС хабар медиҳад, ки дар ин кишвар маҳдудиятҳо аз авоили моҳи август шадидтар мешаванд.Аз ҷумла боздид аз мағоза, фурӯшгоҳҳо ва дигар иншоотҳои тиҷоратӣ бидуни доштани ваксин алайҳи коронаиврус ғайриимкон мешавад.Ҳамин тариқ, сар аз 1 август шарти ворид шудан ба биноҳое, ки дар онҳо маҳсулот фурӯхта мешавад, доштани санади эм ҳадди аққал бо як ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ мешавад.Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ гуфта буданд, ки аз 1 август доштани санади эм шудан бо ваксинаи зидди коронавирус ҳангоми боздид аз муассисаҳои давлатӣ, инчунин як қатор чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар кишвар ҳатмӣ хоҳад шуд.Тибқи маълумоти охирин, дар шоҳигарӣ бо аҳолии 34,2 миллион нафар, аз оғози пандемия 465.797 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст ва 7572 бемор бар асар сироят шудан, фавтидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ 10132 нафар таҳти табобат қарор доранд, ки ҳоли 1575 нафари онҳо бениҳоят вазнин аст. То ҳол 15 687 142 сокини кишвар бо вояҳои доруҳои зидди коронавирус эм карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210612/haj-laghv-musalmonon-tojik-ziyorat-hona-hudo-1040180378.html
арабистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102462/16/1024621659_115:0:2846:2048_1920x0_80_0_0_f9f3e28aa658067ab4110bf02ef58dd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арабистони саудӣ, эм, коронавирус
арабистони саудӣ, эм, коронавирус
Арабистон дари мағозаҳоро ба рӯи нафарони аз коронавирус эмногирифта маҳкам мекунад
13:22 14.06.2021 (Навсозишуда: 13:28 14.06.2021) Шароити буду боши нафароне, ки алайҳи коронавирус эм нагирифтаанд, дар Арабистони Саудӣ маҳдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Арабистони Саудӣ бинобар пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад.
Манобеи ТАСС хабар медиҳад, ки дар ин кишвар маҳдудиятҳо аз авоили моҳи август шадидтар мешаванд.
Аз ҷумла боздид аз мағоза, фурӯшгоҳҳо ва дигар иншоотҳои тиҷоратӣ бидуни доштани ваксин алайҳи коронаиврус ғайриимкон мешавад.
"Касоне, ки бо ваксинаҳои зидди коронавирус эм карда нашудаанд, пас аз 48 рӯз наметавонанд ба муассисаҳои бузурги савдо ва фурӯши молҳо бираванд", - омадааст дар хабар.
Ҳамин тариқ, сар аз 1 август шарти ворид шудан ба биноҳое, ки дар онҳо маҳсулот фурӯхта мешавад, доштани санади эм ҳадди аққал бо як ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ мешавад.
Пештар мақомоти Арабистони Саудӣ гуфта буданд, ки аз 1 август доштани санади эм шудан бо ваксинаи зидди коронавирус ҳангоми боздид аз муассисаҳои давлатӣ, инчунин як қатор чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар кишвар ҳатмӣ хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти охирин, дар шоҳигарӣ бо аҳолии 34,2 миллион нафар, аз оғози пандемия 465.797 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст ва 7572 бемор бар асар сироят шудан, фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ 10132 нафар таҳти табобат қарор доранд, ки ҳоли 1575 нафари онҳо бениҳоят вазнин аст. То ҳол 15 687 142 сокини кишвар бо вояҳои доруҳои зидди коронавирус эм карда шудааст.