Сурудхонии вазири ӯзбек дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон сертамошобин шуд – видео

© Озодбек Назарбеков / FacebookМинистр культуры Узбекистана Озодбек Назарбеков
Министр культуры Узбекистана Озодбек Назарбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Обуна шудан
Навори сурудхонии вазири фарҳанги Ӯзбекистон дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тамошобинҳои зиёд пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон дар бораи дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо зимни консерти “Шоми дӯстӣ” суруд хонд.
Дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки 10 июн бо ҳузури президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар "Кохи Борбад" баргузор шуд, беш аз 200 санъаткори тоҷику ӯзбек ҳунарнамоӣ карданд. Аз ҷумла беш аз 100 ҳунарманди Ӯзбекистон барои ширкат дар консерти "Шоми дӯстӣ" ба Душанбе омаданд, ки миёнашон вазири фарҳанг, Озодбек Назарбеков низ буд.
Ҷониби Ӯзбекистонро инчунин ҳунармандон - Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова, Абдуҳошим Исмоилов, Элмурод Аҳмадов, гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон” ва “Тошкент зеболари” намояндагӣ карданд.
Сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 июн сурат гирифта, дар доираи он даҳҳо созишнома ба имзо расиданд.
Лентаи хабарҳо
0