“Ҷаноби президент, шумо қотилед?”: посухи Путин ба суоли рӯзноманигор – видео

Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба суоли рӯзноманигор, ки оё шумо қотилед, посух дод
Дар арафаи мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва ИМА, Владимир Путин ба шабакаи NBC мусоҳиба дод. Рӯзноманигор зикр кард, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА ба суол, ки оё Путинро қотил медонад, посухи мусбат дод. “Ҷаноби президент, оё шумо қотилед?”, - суол кард рӯзноманигор аз Путин.
Раисиҷумҳури Русия дар посух хандиду гуфт, тайи солҳои фаъолияташ ба ҳамлаҳо аз ҷонибҳои гуногуну ба шеваҳои гуногун одат кардааст.
“Гӯш кунед, тайи фаъолиятам ба ҳамлаҳои гуногун бо баҳонаҳои ҳархелаю шеваю шиддатҳои гуногун одат кардаам. Ин барои ман ҳайратовар нест”, - изҳор дошт Путин.
Ӯ гуфт, бо онҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ кор мекунад, баҳс мекунад, домоду арӯс нестанду аҳди дӯстию муҳаббати абадӣ набастаанд. Путин изҳор дошт, ки шариканд, ки дар бархе аз бахшҳо рақобат мекунанд.
Ба эроди рӯзноманигор, ба суоли рӯирост посух нашунид, раисиҷумҳури Русия илова намуд, ки чунин иттиҳомотро махсусан дар замони амалиёти зидди террористҳо дар Қафқози шимолӣ зиёд шунидааст. Путин таъкид намуд, ки ҳамеша бо назардошти манофеи Русия амал кардааст.
Лентаи хабарҳо
0