https://sputnik.tj/20210613/darguzasht-mausufov-ustod-tabibon-tojikiston-1040188950.html
Даргузашти Маюсуфов, устоди табибон дар Тоҷикистон
Даргузашти Маюсуфов, устоди табибон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо омӯзгори бисёре аз табибони ҷумҳурӣ, Мадалӣ Маюсуфов видоъ мекунанд
2021-06-13T10:54+0500
2021-06-13T10:54+0500
2021-07-29T16:23+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
донишгоҳ
омӯзгор
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мадалӣ Маюсуфов, омӯзгори варзидаи тоҷик рӯзи 12 июн дар синни 71-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Зафар Аскар, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки имрӯз қалби омӯзгори варзида, устоди садҳо кормандони тибби ҷумҳурӣ, донишманди соҳаи биология Мадалӣ Маюсуфов баъди бемории тӯлонӣ дар синни 71-солагӣ аз тапидан бозмонд. “Марҳум умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшида, беш аз 25 сол ба донишҷӯёни факултетҳои умумитиббӣ, дандонпизишкӣ ва дорусозии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дарс гуфтааст”, - навиштааст Зафар Аскар. Ба иттилои манбаъ, Мадалӣ Маюсуфов муаллифи беш аз 60 корҳои илмӣ ва методӣ буда, барои хизматҳояш бо нишонҳои "Аълочии маорифи Тоҷикистон" ва "Аълочии тандурустии Тоҷикистон" қадрдонӣ шудааст.Маросими ҷанозаи марҳум 13 июн дар зодгоҳашон деҳаи Сарои ноҳияи Ашт баргузор мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омӯзгор, табиб, тандурустӣ
омӯзгор, табиб, тандурустӣ
Даргузашти Маюсуфов, устоди табибон дар Тоҷикистон
10:54 13.06.2021 (Навсозишуда: 16:23 29.07.2021) Дар Тоҷикистон бо омӯзгори бисёре аз табибони ҷумҳурӣ, Мадалӣ Маюсуфов видоъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мадалӣ Маюсуфов, омӯзгори варзидаи тоҷик рӯзи 12 июн дар синни 71-солагӣ дунёро падрӯд гуфт.
Зафар Аскар, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки имрӯз қалби омӯзгори варзида, устоди садҳо кормандони тибби ҷумҳурӣ, донишманди соҳаи биология Мадалӣ Маюсуфов баъди бемории тӯлонӣ дар синни 71-солагӣ аз тапидан бозмонд.
“Марҳум умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшида, беш аз 25 сол ба донишҷӯёни факултетҳои умумитиббӣ, дандонпизишкӣ ва дорусозии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дарс гуфтааст”, - навиштааст Зафар Аскар.
Ба иттилои манбаъ, Мадалӣ Маюсуфов муаллифи беш аз 60 корҳои илмӣ ва методӣ буда, барои хизматҳояш бо нишонҳои "Аълочии маорифи Тоҷикистон" ва "Аълочии тандурустии Тоҷикистон" қадрдонӣ шудааст.
Маросими ҷанозаи марҳум 13 июн дар зодгоҳашон деҳаи Сарои ноҳияи Ашт баргузор мегардад.