https://sputnik.tj/20210612/silohhar-silohfurush-mardi-dushanbe-zindon-1040183485.html
“Силоҳхару силоҳфурӯш”: як марди 64 – сола дар Душанбе зиндонӣ шуд
“Силоҳхару силоҳфурӯш”: як марди 64 – сола дар Душанбе зиндонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 63 – соларо бо ҷурми харидуфурӯши силоҳу лавозимоти ҷангӣ 6 сол аз озодӣ маҳрум кард
2021-06-12T19:00+0500
2021-06-12T19:00+0500
2021-08-10T14:43+0500
дар тоҷикистон
ҳукм
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102094/18/1020941891_0:0:2200:1239_1920x0_80_0_0_85ab1cc30f45b2c72b575c4aa599c2ec.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуоти суд, ин фард Маматқул Надирови 64 - сола зода ва сокини шаҳри Душанбе, муваққатан бекор, муҷаррад, қаблан суднашуда буда, баррасии парвандааш дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз 9 март оғоз шудааст. “Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 195, қисми 2, бандҳои “б,в” – Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон боз шуда буд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ. Дар тафсили парвандаи Маматқул Надиров манбаъ мегӯяд, ки ӯ тахминан соли 2011 аз ҳамсинфаш Қурбон Восиев бар ивази маблағи 80 сомонӣ як силоҳи тамғаи ТОЗ-8 бо 14 тирро барои шикор ва бо арзиши зиёдтар фурӯхтан харидорӣ карда, солҳои 2012 - 2013 бо маслиҳати пешакӣ аз Алишер Анваров ном бар ивази 4 ҳазор доллар 5 тапончаи “Макаров” (ПМ) бо 5 тирдону 35 тир, 224 тири 9,12 – миллиметра гирифта, бо ҳадафи бо арзиши зиёдтар ба каси дигар фурӯхтан ин силоҳу лавозимоти ҷангиро то лаҳзаи дастгир шуданаш нигоҳ доштааст. “Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ 4 декабри соли 2020 ҳангоми азназгузаронии ҳуҷраи иҷоравии Маҳмудқул Надиров 2 таппончаи “Макаров” бо 3 тирдон ва 2 қуттии тир дар ҳаҷми 32 тири 9,12-миллиметра дарёфт шуд. Ҳамзамон аз хонаи хоҳари калонии ӯ - Зулфия Ҳамдамова 3 тапончаи “Макаров”, 2 тирдон бо 16 тир, 1 силоҳи “ТОЗ-8” бо 14 тир ва 12 қуттии тир, ки дар дохилаш 192 тири 9,12-миллиметра дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ. Бино ба он, дар давоми мурофиаи судӣ ӯ ҷурми худро эътироф карда, аз кирдораш сидқан пушаймонū изҳор кардааст ва аз суд хоҳиш намудааст, ки барояш ҷазои сабук таъин кунад. Ба ҳамин минвол, суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавӣ, дараҷаи хавфнокии ҷиноят, шахсияти судшаванда ва ба инобат гирифтани нақши ӯ ба ҳангом ва пас аз содир намудани ҷиноят, Маматқул Надировро ба муҳлати 6 сол равонаи зиндони низомаш пурзўр кард. Тафсилоти ҷараён, аз ҷумла назари вакили дифоъи судшаванда, дар хабари суд дарҷ нашудааст.
https://sputnik.tj/20210127/dastgirshuda-siloh-gayriqonune-video-1032709517.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102094/18/1020941891_0:0:1800:1350_1920x0_80_0_0_bb4bd4f51b87174bf351eb3df51966c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
силоҳхар силоҳфурӯш як мард душанбе зиндон
силоҳхар силоҳфурӯш як мард душанбе зиндон
“Силоҳхару силоҳфурӯш”: як марди 64 – сола дар Душанбе зиндонӣ шуд
19:00 12.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 63 – соларо бо ҷурми харидуфурӯши силоҳу лавозимоти ҷангӣ 6 сол аз озодӣ маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино ба иттилои маркази матбуоти суд, ин фард Маматқул Надирови 64 - сола зода ва сокини шаҳри Душанбе, муваққатан бекор, муҷаррад, қаблан суднашуда буда, баррасии парвандааш дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз 9 март оғоз шудааст.
“Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 195, қисми 2, бандҳои “б,в” – Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори калон боз шуда буд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дар тафсили парвандаи Маматқул Надиров манбаъ мегӯяд, ки ӯ тахминан соли 2011 аз ҳамсинфаш Қурбон Восиев бар ивази маблағи 80 сомонӣ як силоҳи тамғаи ТОЗ-8 бо 14 тирро барои шикор ва бо арзиши зиёдтар фурӯхтан харидорӣ карда, солҳои 2012 - 2013 бо маслиҳати пешакӣ аз Алишер Анваров ном бар ивази 4 ҳазор доллар 5 тапончаи “Макаров” (ПМ) бо 5 тирдону 35 тир, 224 тири 9,12 – миллиметра гирифта, бо ҳадафи бо арзиши зиёдтар ба каси дигар фурӯхтан ин силоҳу лавозимоти ҷангиро то лаҳзаи дастгир шуданаш нигоҳ доштааст.
“Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ 4 декабри соли 2020 ҳангоми азназгузаронии ҳуҷраи иҷоравии Маҳмудқул Надиров 2 таппончаи “Макаров” бо 3 тирдон ва 2 қуттии тир дар ҳаҷми 32 тири 9,12-миллиметра дарёфт шуд. Ҳамзамон аз хонаи хоҳари калонии ӯ - Зулфия Ҳамдамова 3 тапончаи “Макаров”, 2 тирдон бо 16 тир, 1 силоҳи “ТОЗ-8” бо 14 тир ва 12 қуттии тир, ки дар дохилаш 192 тири 9,12-миллиметра дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Бино ба он, дар давоми мурофиаи судӣ ӯ ҷурми худро эътироф карда, аз кирдораш сидқан пушаймонū изҳор кардааст ва аз суд хоҳиш намудааст, ки барояш ҷазои сабук таъин кунад.
“Ҳарчанд судшаванда ба ҷурми худ пурра эътироф кард, ҷурми ӯ бо шаҳодати шоҳидон ва далелҳое, ки дар парванда ҷамъ оварда, аз ҷониби суд таҳқиқу баррасӣ шуданд, пурра тасдиқи худро ёфт. Қисми 2, моддаи 195 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол пешбинӣ кардааст”, - гуфт манбаъ.
Ба ҳамин минвол, суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавӣ, дараҷаи хавфнокии ҷиноят, шахсияти судшаванда ва ба инобат гирифтани нақши ӯ ба ҳангом ва пас аз содир намудани ҷиноят,
Маматқул Надировро ба муҳлати 6 сол равонаи зиндони низомаш пурзўр кард. Тафсилоти ҷараён, аз ҷумла назари вакили дифоъи судшаванда, дар хабари суд дарҷ нашудааст.