https://sputnik.tj/20210612/lyakin-frolov-munosibat-boetimod-rusiya-tojikiston-1040175032.html
Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистонро гуфт
Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳоро зикр кард
2021-06-12T11:46+0500
2021-06-12T11:46+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/92/1030639223_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_8bbce1789108566a0c8ecf69d02e145d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов шаҳрвандони Русияро бо иди муҳими давлатӣ табрик гуфт. "Ман аз таҳи дил мехоҳам шуморо бо Рӯзи Русия табрик намоям. Ба шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро таманно мекунам", - гуфт Лякин-Фролов. Зимни суханронӣ сафир ба рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон баҳо дод.Сафир инчунин таваҷҷӯҳро ба саҳме, ки Русия барои ободӣ ва рушди ду кишвар мегузорад, ҷалб кард. Лякин-Фролов афзуд, ки ҳамватанон барои ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош мекунанд.Хотиррасон мекунем, ки 12 июн иди муҳими давлатӣ - Рӯзи Русия мебошад. Сана дар тақвим соли 1992 пас аз қарори Шӯрои Олии Федератсияи Русия пайдо шуд. Он дар ибтидо рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии РСФСР номида мешуд. Аз соли 2002 инҷониб ба таври расмӣ Рӯзи Русия номгузорӣ шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/92/1030639223_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_60a8350c000a3804049ae830d84e0405.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лякин-фролов муносибат боэътимод русия тоҷикистон
лякин-фролов муносибат боэътимод русия тоҷикистон
Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистонро гуфт
11:46 12.06.2021 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳоро зикр кард
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов шаҳрвандони Русияро бо иди муҳими давлатӣ табрик гуфт.
"Ман аз таҳи дил мехоҳам шуморо бо Рӯзи Русия табрик намоям. Ба шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва хонаободиро таманно мекунам", - гуфт Лякин-Фролов. Зимни суханронӣ сафир ба рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон баҳо дод.
"Арзишҳои муштараки маънавӣ ва фарҳангӣ, пайванди шикастнопазири сарнавишти инсонҳо асоси муносибатҳои боэътимоди байни кишварҳо мебошанд", - гуфт ӯ.
Сафир инчунин таваҷҷӯҳро ба саҳме, ки Русия барои ободӣ ва рушди ду кишвар мегузорад, ҷалб кард.
Лякин-Фролов афзуд, ки ҳамватанон барои ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангӣ талош мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки 12 июн иди муҳими давлатӣ - Рӯзи Русия мебошад. Сана дар тақвим соли 1992 пас аз қарори Шӯрои Олии Федератсияи Русия пайдо шуд.
Он дар ибтидо рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии РСФСР номида мешуд. Аз соли 2002 инҷониб ба таври расмӣ Рӯзи Русия номгузорӣ шудааст.