https://sputnik.tj/20210611/rusiya-voya-vaksin-sputnik-v-eron-1040153088.html
Русия боз 100 ҳазор воя ваксини "Спутник V" - ро ба Эрон фиристод
Русия боз 100 ҳазор воя ваксини "Спутник V" - ро ба Эрон фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии Моҳон рӯзи панҷшанбе нӯҳумин маҳлулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V " - ро вориди Эрон намуд
2021-06-11T12:25+0500
2021-06-11T12:25+0500
2021-06-11T13:27+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
эрон
дар русия
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032800424_0:48:1281:768_1920x0_80_0_0_f4b031e22521bfae23a7c1a9e946af50.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Моҳон рӯзи панҷшанбе нуҳумин маҳлулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V " - ро вориди Эрон намуд, хабар медиҳад Парс тудей.Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои мазкур бо сад ҳазор воя ваксин дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ фуруд омад.Гуфта мешавад, то ҳол дар тайи 9 марҳила ҳудуди 920 ҳазор воя ваксини "Спутник V " аз Русия ба Эрон ирсол шудааст.Бояд гуфт, ки Эрон ва Русия дар мавриди дастрас кардани ваксини мазкур қарордоде имзо намудаанд ва мебояд 60 миллион воя дору ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас карда шавад.Бо ваксине, ки Русия ба Эрон ирсол мекунад, ҳудуди 30 миллион нафар эм мешаванд.Манбаъ меафзояд, Эрон дар садади истеҳсол кардани ин ваксин қарор дорад ва ҳоло ду ширкати эронӣ ҳуҷайраҳои тавлиди ваксинаро бо муваффақият кишт кардаанд.Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст ва аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус мебошад.Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210601/uzbekiston-sputnik-v-dastras-tojikiston-kay-1039889580.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032800424_0:0:1277:958_1920x0_80_0_0_ae14cdaa6cbe1a11c5068b53e553f82f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, спутник v
Русия боз 100 ҳазор воя ваксини "Спутник V" - ро ба Эрон фиристод
12:25 11.06.2021 (Навсозишуда: 13:27 11.06.2021) Эрон ҳамакнун нӯҳуми маҳмулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V" - ро дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Моҳон рӯзи панҷшанбе нуҳумин маҳлулаи ваксини сохти Русия, "Спутник V " - ро вориди Эрон намуд, хабар медиҳад Парс тудей.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои мазкур бо сад ҳазор воя ваксин дар фурудгоҳи Имом Хумайнӣ фуруд омад.
Гуфта мешавад, то ҳол дар тайи 9 марҳила ҳудуди 920 ҳазор воя ваксини "Спутник V " аз Русия ба Эрон ирсол шудааст.
Бояд гуфт, ки Эрон ва Русия дар мавриди дастрас кардани ваксини мазкур қарордоде имзо намудаанд ва мебояд 60 миллион воя дору ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас карда шавад.
Бо ваксине, ки Русия ба Эрон ирсол мекунад, ҳудуди 30 миллион нафар эм мешаванд.
Манбаъ меафзояд, Эрон дар садади истеҳсол кардани ин ваксин қарор дорад ва ҳоло ду ширкати эронӣ ҳуҷайраҳои тавлиди ваксинаро бо муваффақият кишт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи “Спутник V”, аз ҷониби олимони Маркази Гамалея таҳия шудааст ва аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус мебошад.
Мувофиқи маълумоти Фонди сармоягузории мустақими Русия (RDIF), ваксинаи “Спутник V” маъмултарин ваксина бар зидди COVID-19 шудааст. Илова бар ин, ваксини сохти Русия аз рӯи маъруфият дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор гирифтааст.