Пирӯзӣ дар 27 сония: Зарбаҳои барқвори Лоиқ Раҷабов Аҳмад Алиевро аз пой афтонд

Обуна шудан
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL Ахмед Алиев, ҳарифи доғистонияшро мағлуб кард
Набарди Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL шоми 10-уми июн дар Амрико баргузор шуд.
Рақобат миёни Раҷабов ва Алиев аз дақиқаҳои аввал барқвор шурӯъ шуда, бо зарбаҳои пайдарпайи варзишгари тоҷик ва пирӯзияш дар давоми 27 сония хотима ёфт.
Ҳамин тавр Раҷабов бо шаш имтиёз дар пас аз ин пирӯзӣ ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад, ки дар он ҷой ӯро набард бо Оливей Обини конодоӣ интизор аст.
Ин набард дар назар аст, 13 август доир гардад.
Эътироз: Раҷабов шикасташро эътироф намекунад - видео
Варзишкори тоҷик дар рақобати қаблияш бо Алекс Мартинеси парагвайӣ дидор кард, ки доварон бо натиҷаи холҳо пирӯзиро ба Мартинес доданд. Варзишкори тоҷик ва тимаш аз ин баҳои ҳакамон изҳори норозигӣ карда буданд.
Раҷабов бо лақаби "Jaguar Paw” ҳамакнун 14 ғалаба — 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL ҳафтумин рақобаташро гузаронда, то ҳол , 3 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0