https://sputnik.tj/20210611/korgardon-tojik-rahbar-hona-markazi-kino-maskav-1040159078.html
Коргардони тоҷик раҳбари Хонаи марказии кино дар Маскав шуд
Коргардони тоҷик раҳбари Хонаи марказии кино дар Маскав шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди шоистаи Русия ва Тоҷикистон қадимтарин клуби эҷодии кормандони синамои Маскавро ҳамакнун роҳбарӣ мекунад
2021-06-11T15:39+0500
2021-06-11T15:39+0500
2021-06-11T15:51+0500
фарҳанг
вазифа
ҳунарманд
коргардони тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/59/1028475932_0:9:3000:1697_1920x0_80_0_0_25b3a476414053559d2db63a967cae88.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Коргардони маъруф, Валерий Аҳадов роҳбари Хонаи марказии кинематографистони Маскав шуд. Дар ин бора дар сафҳаи Facebook-и ин муассисаи фарҳангӣ хабар дода шудааст. Дар иттилоия қайд карданд, ки дар робита ба тағйироти кадрӣ, натиҷаҳои озмун барои эҷоди як нишони нав барои Хонаи марказии кинематографистон, ки дар фасли баҳор баргузор шуд, давоми моҳи июн эълон карда мешаванд.Валерий Аҳадов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик 9 августи 1945, дар Самарқанд, ба дунё омадааст. Вай ба соҳаи театр ва кино солҳои 1963-1965, вақте ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекард, дохил шуд.Ӯ ходими хизматнишододаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), узви Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби раёсати Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.Аҳадов дар студияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси равшангар ва ёвари оператор кор карда, сипас тасмим гирифт, ки худро комилан ба театр ва кино бахшад. Вай бахши коргардонии ВГИК-ро хатм карда, саррежиссёри Театри академии драмавии тоҷикии ба номи Лоҳутӣ шуда, ҳамзамон дар чанде аз филмҳо иштирок кардааст.Дар Русия, коргардон барои ба саҳнагузории асарҳо дар Маскав, Магнитогорск ва Уфа кор кардааст. Намоишҳои Ахадовро ҳамзамон дар Кипр низ тамошо кардаанд.Коргардон зиёда аз 20 филмро ба навор гирифтааст, ки машҳуртарини онҳо “Асрори оилаи Ғаюровҳо”, “Кӣ ба Турскаветск меравад”, “Дарвеши ланг”, “Руф”, "Гвардия ба пеш!", "Орзуҳои апрелӣ" ва бисёр филмҳои дигар мебошанд. Ғайр аз ин, Аҳадов бо бисёр мукофотҳо ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20190124/Valeriy-Aadov-ar-sonsurgur-metavonad-ba-film-khalal-rasonad--1028076135.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/59/1028475932_316:0:2983:2000_1920x0_80_0_0_93a809e9dd2d15f03fb5d2efb475dea6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коргардон тоҷик раҳбар кино маскав фарҳанг
коргардон тоҷик раҳбар кино маскав фарҳанг
Коргардони тоҷик раҳбари Хонаи марказии кино дар Маскав шуд
15:39 11.06.2021 (Навсозишуда: 15:51 11.06.2021) Ҳунарманди шоистаи Русия ва Тоҷикистон қадимтарин клуби эҷодии кормандони синамои Маскавро ҳамакнун роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Коргардони маъруф, Валерий Аҳадов роҳбари Хонаи марказии кинематографистони Маскав шуд. Дар ин бора дар сафҳаи Facebook-и ин муассисаи фарҳангӣ хабар дода шудааст.
Дар иттилоия қайд карданд, ки дар робита ба тағйироти кадрӣ, натиҷаҳои озмун барои эҷоди як нишони нав барои Хонаи марказии кинематографистон, ки дар фасли баҳор баргузор шуд, давоми моҳи июн эълон карда мешаванд.
"Ин вақт барои Валерий Боқиевич зарур аст, ки шинос шавад ва намунаҳои пешниҳодшударо арзёбӣ кунад", - таъкид карданд ташкилкунандагони озмун.
Валерий Аҳадов, коргардони синамо ва филмноманависи тоҷик 9 августи 1945, дар Самарқанд, ба дунё омадааст. Вай ба соҳаи театр ва кино солҳои 1963-1965, вақте ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекард, дохил шуд.
Ӯ ходими хизматнишододаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), узви Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ, котиби раёсати Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Аҳадов дар студияи "Тоҷикфилм" ба ҳайси равшангар ва ёвари оператор кор карда, сипас тасмим гирифт, ки худро комилан ба театр ва кино бахшад. Вай бахши коргардонии ВГИК-ро хатм карда, саррежиссёри Театри академии драмавии тоҷикии ба номи Лоҳутӣ шуда, ҳамзамон дар чанде аз филмҳо иштирок кардааст.
Дар Русия, коргардон барои ба саҳнагузории асарҳо дар Маскав, Магнитогорск ва Уфа кор кардааст. Намоишҳои Ахадовро ҳамзамон дар Кипр низ тамошо кардаанд.
Коргардон зиёда аз 20 филмро ба навор гирифтааст, ки машҳуртарини онҳо “Асрори оилаи Ғаюровҳо”, “Кӣ ба Турскаветск меравад”, “Дарвеши ланг”, “Руф”, "Гвардия ба пеш!", "Орзуҳои апрелӣ" ва бисёр филмҳои дигар мебошанд.
Ғайр аз ин, Аҳадов бо бисёр мукофотҳо ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.