Дар Душанбе нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор шуд

© Вазорати тандурустӣНахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон
Нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Ҷавонони тоҷик бар пояи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино гулчанпар гузоштанду аз дастовардҳои илмии ӯ ёдрас шуданд
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар Душанбе нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Нахуст, ҷавонони тоҷик бар пояи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино гулчанпар гузоштаанду, аз дастовардҳои илмии ӯ ёдрас шудаанд.
© Вазорати тандурустӣГулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Абуалӣ Ибни Сино
Гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Абуалӣ Ибни Сино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Абуалӣ Ибни Сино
Дар идома иштирокдорони ҳамоиш дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар кори ҳамоиш бобати дастоварҳои илмиву амалии соҳаи тандурустии кишвар маърӯзаҳо намудаанд.
Табибони ҷавон перомуни дастовардҳои илмиву амалии соҳаи тандурустӣ дар кишвар баромад намудаанд.
Ихтироъ: аспиранти тоҷик ба як корхонаи Русия миллионҳо рубл фоида меорад
Як қатор ҷаавонони фаъоли соҳавӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонону Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд.
Робот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Нахустин дар ОМ: Азизӣ дар Душанбе озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бунёд гузошт
Манбаъ афзуда, ки дар кори ин ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷаҳонон Абдулло Раҳмонзода, раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ ва доираи васеъи фаъолони ҷавони соҳаи тандурустӣ аз саросари кишвар ширкат кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0