Маркази тиббии Оқохон соҳиби дастгоҳи истеҳсоли оксиген шуд

© Мақомоти ВМКБДастгоҳи истеҳсоли оксиген
Дастгоҳи истеҳсоли оксиген - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Ин дастгоҳ бо кумаки ихтиёриёне, ки дар дигар давлатҳо таҳсилу кор мекунанд аз Фаронса харидорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Шифохонаи Оқохон дар шаҳри Хоруғ соҳиби дастгоҳи истеҳсоли оксиген шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ, ин дастгоҳ ба маблағи 107 ҳазор евро аз Фаронса харидорӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар харидории ин таҷҳизоти саҳми мақомоти вилоят - 30 ҳазор сомонӣ, Бонки урупоии рушд - 50 ҳазор евро, Хадамоти Оқохон - 38 000 доллар ва ҳиссаи ризокорони гурӯҳи "Помир" - 16 000 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Аз пирӯзию дурустии омор то шифои ҳайратангези беморон: суҳбати сартабиби шифохонаи Оқохон
Дар маросими супоридани дастгоҳи истеҳсоли оксиген раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушди хонум Айтен Рустамова ва намояндаи ризококрон Гулру Назирова ширкат намудаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Тоҷикистон аллакай се дона чунин дастгоҳ барои Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруг, беморхонаҳои ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз дастрас шуданд ва феълан корҳои васлкунии онҳо идома дорад.
Дар нақша аст, ки то 30 - солагии Истиклоли давлатии Точикистон боз се адад дастгоҳҳо барои беморхонаҳои ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъа аз тарафи Вазорат таъмин карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0