https://sputnik.tj/20210610/jazo-rohbar-musharaf-azhudkuni-mablag-agenti-taminot-1040139230.html
Ҷазои роҳбари ҶДММ "Мушараф" барои азхудкунии маблағҳои Агентии таъминоти амволи махсус
Ҷазои роҳбари ҶДММ "Мушараф" барои азхудкунии маблағҳои Агентии таъминоти амволи махсус
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ширкат дар Душанбе барои азхудкунии беш аз ним миллион сомонии Агентии таъминоти амволи махсуси маҳкум шуд
2021-06-10T17:11+0500
2021-06-10T17:11+0500
2021-08-10T14:43+0500
дар тоҷикистон
азхудкунии маблағ
боздошт
прокуратураи генералӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе нисбати директори ҶДММ "Мушараф" М.Ю.Холов, ки ба азхудкунии маблағҳо дар ҳаҷми махсусан калон айбдор карда мешавад, ҳукм баровардааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Холов ҳангоми роҳбарии ҶДММ "Мушараф" буданаш, мебоист моҳи августи соли 2020 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин мекард.Тибқи созишнома, Агентии мазкур ба ҳисоби ҶДММ "Мушараф" 1 миллиону 94 ҳазор сомониро ҳамчун пешпардохт интиқол додааст, аммо М.Холов ба маблағи 556,2 ҳазор сомонӣ ба анборҳои Агентӣ хӯрокворӣ овардаву беш аз 537,7 ҳазор сомониро азхуд кардааст.Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон нисбати Холов бар асоси моддаи 245 қисми 2 (Азхудкунӣ ё тасарруф дар ҳаҷми махсусан калон) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Барои ин ҷиноят номбурда аз ҷониби суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҳкум карда шуд, аммо Прокуратураи генералӣ чанд сол ҳукм гирифтани ӯ иттилоъ надодааст.Афроде, ки дар доираи ин модда ҷиноят содир кардаанд, қонунгузорӣ зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210517/bozdoshti-vazorati-moliya-azhudzoli-maosh-1039488742.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо ҷдмм "мушараф" азхудкунӣ маблағҳои агентии
ҷазо ҷдмм "мушараф" азхудкунӣ маблағҳои агентии
Ҷазои роҳбари ҶДММ "Мушараф" барои азхудкунии маблағҳои Агентии таъминоти амволи махсус
17:11 10.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Роҳбари ширкат дар Душанбе барои азхудкунии беш аз ним миллион сомонии Агентии таъминоти амволи махсуси маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе нисбати директори ҶДММ "Мушараф" М.Ю.Холов, ки ба азхудкунии маблағҳо дар ҳаҷми махсусан калон айбдор карда мешавад, ҳукм баровардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Холов ҳангоми роҳбарии ҶДММ "Мушараф" буданаш, мебоист моҳи августи соли 2020 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин мекард.
Тибқи созишнома, Агентии мазкур ба ҳисоби ҶДММ "Мушараф" 1 миллиону 94 ҳазор сомониро ҳамчун пешпардохт интиқол додааст, аммо М.Холов ба маблағи 556,2 ҳазор сомонӣ ба анборҳои Агентӣ хӯрокворӣ овардаву беш аз 537,7 ҳазор сомониро азхуд кардааст.
Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон нисбати Холов бар асоси моддаи 245 қисми 2 (Азхудкунӣ ё тасарруф дар ҳаҷми махсусан калон) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Барои ин ҷиноят номбурда аз ҷониби суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҳкум карда шуд, аммо Прокуратураи генералӣ чанд сол ҳукм гирифтани ӯ иттилоъ надодааст.
Афроде, ки дар доираи ин модда ҷиноят содир кардаанд, қонунгузорӣ зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.