Боду борон, чангу ғубор ва то 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевОкрестности города Душанбе с высоты
Окрестности города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикстон имрӯз номусоид мешавад, ҷое борон мебораду ҷое шамоли сахт мевазад. Вале ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Оҷонси ҳавошиносии кишвар,
имрӯз дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
В Исфаре ураганный ветер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Боди шадид дар Исфара - видео
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0