https://sputnik.tj/20210609/rusiya-poygoh-yagona-malumot-tibbii-muhojiron-1040112907.html
Русия пойгоҳи ягонаи маълумоти тиббии муҳоҷиронро тартиб медиҳад
Русия пойгоҳи ягонаи маълумоти тиббии муҳоҷиронро тартиб медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад дар Русия маълумот дар мавриди сиҳатии муҳоҷирон дар пойгоҳи умумӣ гирд оварда шавад. 09.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-09T18:36+0500
2021-06-09T18:36+0500
2021-06-09T18:44+0500
муҳоҷират
рӯйхат
тиббӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/82/1022628282_0:0:2932:1649_1920x0_80_0_0_ae55e498265425bab5ce6ad19edc1b6d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Думаи давлатии Русия қонун дар мавриди ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ қабул намуд, ки дар он натиҷаи ташхиси муҳоҷирон гирд оварда мешавад. Ба пойгоҳи мазкур ҳамчунин маълумот дар мавриди ташхиси тиббии шаҳрвандони хориҷӣ дохил карда мешавад. Масъулияти таҳия ва пур кардани пойгоҳи мазкур ба дӯши "Роспотребнадзор" вогузор шудааст. Ҳамин тавр, тибқи муқаррароти нав, хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки мехоҳанд иҷозат барои истиқомат, иҷозатномаи кор дар Федератсияи Русия ё патенти меҳнатиро дарёфт кунанд, бояд ҳатман дар муассисаҳои қаламрави Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.Илова бар ин, рӯйхати муассисаҳое тасдиқ мешавад, ки барои гузаронидани муоинаи тиббӣ вазифадор гардидаанд.Муҳоҷиронро асосан аз ташхиси истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ, ВИЧ ва дигар маризиҳои сироятӣ муоина мекунанд. Қобили зикр аст, ки қаблан Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи бақайдгирии ҳатмии иззи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон қабул карда буд. Рӯзҳои охир фаро мерасанд: муҳоҷиронро пас аз 15 июн чӣ интизор астБа гуфти раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ, Юрий Крупнов, чунин тадбир аз вуруду паҳншавии ҳар гуна маризиҳо ҷилавгирӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210608/amonzoda-kiver-terrorizm-muhojiron-muboriza-1040084495.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/82/1022628282_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_dd44fd9c6f74999a4cd0556cc59a399a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, рӯйхат, тиббӣ, дар русия
муҳоҷират, рӯйхат, тиббӣ, дар русия
Русия пойгоҳи ягонаи маълумоти тиббии муҳоҷиронро тартиб медиҳад
18:36 09.06.2021 (Навсозишуда: 18:44 09.06.2021) Интизор меравад дар Русия маълумот дар мавриди сиҳатии муҳоҷирон дар пойгоҳи умумӣ гирд оварда шавад.
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Думаи давлатии Русия қонун дар мавриди ташкили низоми ягонаи иттилоотӣ қабул намуд, ки дар он натиҷаи ташхиси муҳоҷирон гирд оварда мешавад.
Ба пойгоҳи мазкур ҳамчунин маълумот дар мавриди ташхиси тиббии шаҳрвандони хориҷӣ дохил карда мешавад. Масъулияти таҳия ва пур кардани пойгоҳи мазкур ба дӯши "Роспотребнадзор" вогузор шудааст.
Ҳамин тавр, тибқи муқаррароти нав, хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки мехоҳанд иҷозат барои истиқомат, иҷозатномаи кор дар Федератсияи Русия ё патенти меҳнатиро дарёфт кунанд, бояд ҳатман дар муассисаҳои қаламрави Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Илова бар ин, рӯйхати муассисаҳое тасдиқ мешавад, ки барои гузаронидани муоинаи тиббӣ вазифадор гардидаанд.
Муҳоҷиронро асосан аз ташхиси истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ, ВИЧ ва дигар маризиҳои сироятӣ муоина мекунанд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи бақайдгирии ҳатмии иззи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон қабул карда буд.
Ба гуфти раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ, Юрий Крупнов, чунин тадбир аз вуруду паҳншавии ҳар гуна маризиҳо ҷилавгирӣ мекунад.