https://sputnik.tj/20210609/rekord-zan-farzand-tavallud-afriko-1040095737.html
Рекорди нав: зани 37 - сола якбора 10 фарзанди солим таваллуд кард -акс
Рекорди нав: зани 37 - сола якбора 10 фарзанди солим таваллуд кард -акс
Sputnik Тоҷикистон
Модари 37 - сола, ки сокини музофоти Гаутенг мебошад, ҳафт писару се духтарро дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ ба дунё овард. Пизишкон қаблан танҳо 7 кӯдакро дар батни ӯ муайян карда буданд.
2021-06-09T10:32+0500
2021-06-09T10:32+0500
2021-06-09T13:17+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
африқои ҷанубӣ
таваллуд
зан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/39/1026273904_0:168:5616:3327_1920x0_80_0_0_ba31d5495feb08f8ac80c35aba8f45b7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Сокини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Госиаме Ситхоул рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ин зан якбора 10 фарзанд таваллуд кард, хабар медиҳад нашрияи IOL.Ба иттилои манбаъ, модари 37 - сола, ки сокини музофоти Гаутенг мебошад, ҳафт писару се духтарро дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ ба дунё овард. Пизишкон қаблан танҳо 7 кӯдакро дар батни ӯ муайян карда буданд.Манбаъ меафзояд, табибон барои наҷот додани кӯдакон, модари онҳоро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло навзодон то як муддат дар бемористон нигоҳубин мешаванд, чун раванди ҳомиладорӣ ниҳоят вазнин гузаштааст.Ҳоло ин хонавода соҳиби 12 фарзанд шуданд, чун ду дугоники дигар шаш сол пеш ба дуё омаданд.Ҳанӯз моҳи пеш сокини Малӣ рекорд гузошта буд. Ӯ якбора 9 фарзанди солимро таваллуд кард.Тақдими калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ ба волидайни панҷгоникҳоДар Тоҷикистон низ 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.
https://sputnik.tj/20210505/zan-kudak-tavallud-mali-1039270862.html
африқои ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/39/1026273904_146:0:5138:3744_1920x0_80_0_0_6b46e96de55443e9bb8e29863330e08b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
африқои ҷанубӣ. зан ,фарзанд, таваллуд
африқои ҷанубӣ. зан ,фарзанд, таваллуд
Рекорди нав: зани 37 - сола якбора 10 фарзанди солим таваллуд кард -акс
10:32 09.06.2021 (Навсозишуда: 13:17 09.06.2021) Зани африқоӣ дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ якбора 10 фарзанди солим, 7 писару 3 духтар ба дунё овард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Сокини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Госиаме Ситхоул рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ин зан якбора 10 фарзанд таваллуд кард, хабар медиҳад нашрияи IOL.
Ба иттилои манбаъ, модари 37 - сола, ки сокини музофоти Гаутенг мебошад, ҳафт писару се духтарро дар 8 - умин моҳи ҳомиладорӣ ба дунё овард. Пизишкон қаблан танҳо 7 кӯдакро дар батни ӯ муайян карда буданд.
Манбаъ меафзояд, табибон барои наҷот додани кӯдакон, модари онҳоро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло навзодон то як муддат дар бемористон нигоҳубин мешаванд, чун раванди ҳомиладорӣ ниҳоят вазнин гузаштааст.
Ҳоло ин хонавода соҳиби 12 фарзанд шуданд, чун ду дугоники дигар шаш сол пеш ба дуё омаданд.
Ҳанӯз моҳи пеш сокини Малӣ рекорд гузошта буд. Ӯ якбора 9 фарзанди солимро таваллуд кард.
Дар Тоҷикистон низ 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.