https://sputnik.tj/20210609/muhofiz-bastand-qarib-nim-millioni-qodirov-rohzani-dushanbe-video-1040113945.html
Муҳофизро бастанду қариб ним миллиони Қодировро дуздидаанд: роҳзанӣ дар Душанбе – видео
Муҳофизро бастанду қариб ним миллиони Қодировро дуздидаанд: роҳзанӣ дар Душанбе – видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури доҳилии Тоҷикистон гузориш дод, ки як ҳолати роҳзании гуруҳи ҷавононро дар шаҳри Душанбе ошкор кард
2021-06-09T19:04+0500
2021-06-09T19:04+0500
2021-07-07T18:39+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
боздошт
гуруҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/56/1022365605_0:87:2501:1493_1920x0_80_0_0_d128f792ebafc58098346f46fc6385b6.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ба иттилои ВУД, гуруҳе, ки шаби 19 май корхонаи "Бахт 2016" - и Муҳиддин Қодировро ҳадафи роҳзанӣ қарор дод, боздошт шуд. ВУД мегӯяд, муттаҳамон дар роҳзанӣ муҳофизи корхонаро скотчпеч карда, аз сейфи он қариб ним миллион сомониро гирифтаанд. Манбаъ таъкид кард, ки фаъолияти ин гуруҳи ниқобпӯшони мусаллаҳ бо табару дигар дастгоҳҳои бурандаро, Шукуров Илҳом, сокин 26-солаи шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекардааст. Аз аъзои дигари гуруҳ Бадалов Рухшед ва Камолов Нарзулло, сокинони 26-солаи шаҳри Панҷакент, ном бурда шудааст. Ба гузориши мақомоти дохилӣ, муттаҳамон баъди гирифтани маблағ савори мошин шуда, ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат кардаанд. Шукуров дар гузориш изҳор дошт, 170 ҳазорашро пинҳонӣ гирифта, маблағи боқимондаро байни гуруҳ тақсим намудааст. Бар асоси гузориши мақомот, муттаҳамон дар шаҳри Хуҷанд, ба ивази 82 ҳазор сомонӣ мошини "БМВ" ва 67 ҳазор сомонӣ автомобили "Мерседес" харида, маблағи боқимондаро ба манфиати хеш истифода кардаанд. Инчунин Шукуров дар ҳамроҳӣ бо Хайруллоев Диловар дар дуздии сейфи ҳомили ҷавоҳирот ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз хонаи Алиёрова Хайрӣ дар шаҳри Ҳисор айбор мешавад. Назари бевоситаи муттаҳамон дар мавриди айби эълонкардаи мақомот ва гузориш феълан маълум нест. ВУД таъкид намуд, ки айни ҳол барои дуздӣ ва роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/56/1022365605_117:0:2340:1667_1920x0_80_0_0_6cdd05ed0f5f91f93aded5efac306512.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳофиз, вуд, боздошт, роҳзанӣ, душанбе
муҳофиз, вуд, боздошт, роҳзанӣ, душанбе
Муҳофизро бастанду қариб ним миллиони Қодировро дуздидаанд: роҳзанӣ дар Душанбе – видео
19:04 09.06.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Вазорати умури доҳилии Тоҷикистон гузориш дод, ки як ҳолати роҳзании гуруҳи ҷавононро дар шаҳри Душанбе ошкор кард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Ба иттилои ВУД, гуруҳе, ки шаби 19 май корхонаи "Бахт 2016" - и Муҳиддин Қодировро ҳадафи роҳзанӣ қарор дод, боздошт шуд.
ВУД мегӯяд, муттаҳамон дар роҳзанӣ муҳофизи корхонаро скотчпеч карда, аз сейфи он қариб ним миллион сомониро гирифтаанд.
Манбаъ таъкид кард, ки фаъолияти ин гуруҳи ниқобпӯшони мусаллаҳ бо табару дигар дастгоҳҳои бурандаро, Шукуров Илҳом, сокин 26-солаи шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекардааст. Аз аъзои дигари гуруҳ Бадалов Рухшед ва Камолов Нарзулло, сокинони 26-солаи шаҳри Панҷакент, ном бурда шудааст.
Ба гузориши мақомоти дохилӣ, муттаҳамон баъди гирифтани маблағ савори мошин шуда, ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат кардаанд.
Шукуров дар гузориш изҳор дошт, 170 ҳазорашро пинҳонӣ гирифта, маблағи боқимондаро байни гуруҳ тақсим намудааст.
Бар асоси гузориши мақомот, муттаҳамон дар шаҳри Хуҷанд, ба ивази 82 ҳазор сомонӣ мошини "БМВ" ва 67 ҳазор сомонӣ автомобили "Мерседес" харида, маблағи боқимондаро ба манфиати хеш истифода кардаанд.
Инчунин Шукуров дар ҳамроҳӣ бо Хайруллоев Диловар дар дуздии сейфи ҳомили ҷавоҳирот ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз хонаи Алиёрова Хайрӣ дар шаҳри Ҳисор айбор мешавад.
Назари бевоситаи муттаҳамон дар мавриди айби эълонкардаи мақомот ва гузориш феълан маълум нест.
ВУД таъкид намуд, ки айни ҳол барои дуздӣ ва роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.