https://sputnik.tj/20210609/kdam-vakili-qirghiz-qochoqi-nasha-tojikiston-uzbekiston-1040104952.html
КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс
КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон аз ошкор шудани як шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон хабар додаст
2021-06-09T15:15+0500
2021-06-09T15:15+0500
2021-07-07T18:30+0500
қирғизистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
маводи мухаддир
қочоқ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040104763_0:289:750:711_1920x0_80_0_0_3ba61d238027997d97f0ba6538fe2631.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. КДАМ Қирғизистон иттилоъ дод, ки гуруҳи нашъаҷаллоб дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд. Котиботи КДАМ афзудаст, ки дар қочоқи маводи мухаддир вакили мардумии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд муттаҳам мешавад. Манбаъ афзуд, рӯзи 7 июн зимни амалиёти махсус вакили кенеши маҳаллӣ ҳангоми талоши қочоқи бастаи нави мухаддирот аз Тоҷикистон тариқи Қирғизистон ба Ӯзбекистон боздошт гардид. Зимни бозҷӯии мошин ва манзили вакилу бародараш 37,5 кило банг, 9 кило афюн, 4 кило ҳашиш, як силоҳи ғайриқонунӣ, 232 ҳазор доллар 42 миллион суми ӯзбекӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) ва 106 ҳазор соми қирғизӣ ( ҳудуди 1250 доллар) ошкору мусодира шудааст.КДАМ таъкид кардааст, ки се шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми узвият дар шабакаи байналмилалии нашъаҷаллоб боздошт гардида, амалиёт барои муайянсозии ташкилкунандагони шабака аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад.
https://sputnik.tj/20210605/jang-furukash-tashannuj-marz-tojikistonu-qirghiziston-1039995846.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040104763_0:218:750:781_1920x0_80_0_0_4486c105fdf89ef2b81a83e9ea4725c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил, қочоқ, маводи мухаддир, боздошт
вакил, қочоқ, маводи мухаддир, боздошт
КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс
15:15 09.06.2021 (Навсозишуда: 18:30 07.07.2021) Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ошкор шудани як шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон хабар додаст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. КДАМ Қирғизистон иттилоъ дод, ки гуруҳи нашъаҷаллоб дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд.
Котиботи КДАМ афзудаст, ки дар қочоқи маводи мухаддир вакили мардумии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд муттаҳам мешавад.
Манбаъ афзуд, рӯзи 7 июн зимни амалиёти махсус вакили кенеши маҳаллӣ ҳангоми талоши қочоқи бастаи нави мухаддирот аз Тоҷикистон тариқи Қирғизистон ба Ӯзбекистон боздошт гардид.
Зимни бозҷӯии мошин ва манзили вакилу бародараш 37,5 кило банг, 9 кило афюн, 4 кило ҳашиш, як силоҳи ғайриқонунӣ, 232 ҳазор доллар 42 миллион суми ӯзбекӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) ва 106 ҳазор соми қирғизӣ ( ҳудуди 1250 доллар) ошкору мусодира шудааст.
КДАМ таъкид кардааст, ки се шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми узвият дар шабакаи байналмилалии нашъаҷаллоб боздошт гардида, амалиёт барои муайянсозии ташкилкунандагони шабака аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад.