https://sputnik.tj/20210609/chatr-erdughonu-zeri-boron-videoi-istiqboli-jabborov-turkiya-navor-1040115021.html
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари Содир Ҷабборов ба Туркия мулоқоташ бо роҳбарони ин кишвар, иштирок дар анҷумани соҳибкорон ва суҳбат бо қирғизҳои муқими Анқара дар назар аст
2021-06-09T20:02+0500
2021-06-09T20:02+0500
2021-06-09T20:18+0500
туркия
қирғизистон
раҷаб тайиб эрдуғон
осиёи марказӣ
анқара
мулоқот
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040114360_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_95d1cf4c7f345d80b2afefe7b1c353fa.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Маросими истиқбол аз Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон аз сӯи ҳамтои туркаш, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳузури горди фахрӣ сурат гирифт. Қатори мошинҳои Ҷабборов ба сӯи Қасри Президент ҳаракат кард ва дар он ҷо ӯро Эрдуғон пешвоз гирифт. Сарони давлатҳо бо ҳам салом карданд ва пас аз он суруди миллии ду кишвар садо дод. Ҳаво дар маросими истиқбол боронӣ буд ва Ҷабборов, ки бе чатр ҳаракат мекард, гаҳе зери чатри Эрдуғон буду гаҳе зери борон. Пас аз гузориши фармондеҳи горди фахрӣ президентҳо аз рӯи қолини сурх гузашт карданд ва Ҷабборовро горди фахрӣ пазироӣ намуд. Сипас сарони давлатҳо аъзои ҳайатҳои расмии худро муаррифӣ карданд ва дар пеши парчамҳои давлатӣ якҷоя акс гирифтанд. Дар ҷараёни ин сафар кишвардори Қирғизистон бо президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Ҳамчунин Ҷабборов бо раиси Маҷлиси бузурги миллӣ мулоқот мекунаду дар форуми тиҷоратии ду кишвар ширкат меварзад ва инчунин бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Анқара кор ва таҳсил мекунанд, сӯҳбат анҷом медиҳад.
қирғизистон
анқара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/09/1040114360_0:0:721:541_1920x0_80_0_0_4d2ddba42a5c96001973d0ece24303ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, туркия, мулоқот, истиқбол, ҷабборов
қирғизистон, туркия, мулоқот, истиқбол, ҷабборов
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
20:02 09.06.2021 (Навсозишуда: 20:18 09.06.2021) Дар доираи сафари Содир Ҷабборов ба Туркия мулоқоташ бо роҳбарони кишвари мизбон, иштирок дар анҷумани соҳибкорон ва суҳбат бо қирғизҳои муқими Анқара дар назар аст
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Маросими истиқбол аз Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон аз сӯи ҳамтои туркаш, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳузури горди фахрӣ сурат гирифт.
Қатори мошинҳои Ҷабборов ба сӯи Қасри Президент ҳаракат кард ва дар он ҷо ӯро Эрдуғон пешвоз гирифт. Сарони давлатҳо бо ҳам салом карданд ва пас аз он суруди миллии ду кишвар садо дод. Ҳаво дар маросими истиқбол боронӣ буд ва Ҷабборов, ки бе чатр ҳаракат мекард, гаҳе зери чатри Эрдуғон буду гаҳе зери борон.
Пас аз гузориши фармондеҳи горди фахрӣ президентҳо аз рӯи қолини сурх гузашт карданд ва Ҷабборовро горди фахрӣ пазироӣ намуд.
Сипас сарони давлатҳо аъзои ҳайатҳои расмии худро муаррифӣ карданд ва дар пеши парчамҳои давлатӣ якҷоя акс гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар кишвардори Қирғизистон бо президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Ҳамчунин Ҷабборов бо раиси Маҷлиси бузурги миллӣ мулоқот мекунаду дар форуми тиҷоратии ду кишвар ширкат меварзад ва инчунин бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Анқара кор ва таҳсил мекунанд, сӯҳбат анҷом медиҳад.