Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

"Сарҳад бояд муттаҳид кунад": Буриан низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод

CC BY-SA 2.0 / Cancillería del Ecuador / Питер Буриан, архивное фото
Питер Буриан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Ба боварии Питер Буриан, "сарҳад бояд давлатҳоро муттаҳид кунад, на ин ки аз ҳам ҷудо ва пайваста боиси низоъ шаванд
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан ҳангоми мулоқот бо рӯзноманигорон дар Нур-Султон даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин муноқиша мушкилоти хеле муҳимро тасдиқ мекунад, ки бояд зуд ҳалли худро ёбанд. Ӯ мегӯяд, ҷонибҳо бояд сари тақсимоти об ва ҳамзамон аломатгузорӣ кардани сарҳад ҳар чӣ зудтар тавофуқ ҳосил кунанд, менависад Казинформ.
Буриан инчунин таъкид кард, ки сарҳад бояд муттаҳид кунад на баръакс.
"Мо омодагӣ дорем, ки ин равандро бо барномаи минтақавии идоракунии сарҳад БОМКА ки ҳамаи ин ҷанбаҳоро инъикос мекунад, дастгирӣ кунем. Ин барнома ба маблағи 22 миллион евро кумаки молиявӣ гирифт ва Афғонистонро низ дар бар мегирад", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, ӯ қайд кард, ки ҳамкориҳои наздимарзӣ дар масъалаҳои гуногун ва рушди савдо бояд ба чунин раванд мусоидат кунанд, ки марзҳо рафтуомади мардумро осон кунанд, мушкилотро ҳал кунанд ва ҳамзамон аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқ пешгирӣ кунанд.
Фасад здания министерства обороны Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ба баҳс бо Қирғизистон рабте надорад: шарҳи Қазоқистон
"Инҳо низ ҷанбаҳои хеле муҳими ин муноқиша мебошанд", - хулоса кард намояндаи махсуси ИА.
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.
Лентаи хабарҳо
0