Аз ҳар ҷуфт 220 сомонӣ мегирифт: боздошти сокини Душанбе барои ташкили фоҳишахона

© Free-Photos / PixabayКровать в номере, архивное фото
Кровать в номере, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Сокини Душанбе давоми се рӯз аз ҳисоби дар ихтиёри муштариён гузоштани манзили зисти худ, 660 сомонӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Дар Душанбе дари як "фоҳишахона" баста шуд.
Котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, сокини 25 - солаи пойтахт манзили истиқоматии худро ба фоҳишахона табдил додааст.
Номбурда барои дар ихтиёри муштариён гузоштани хонаи худ аз онҳо 220 сомонӣ талаб мекард.
Манбаъ аз се ҳолати истифода шудани манзили ин ҷавон ҳамчун фоҳишахона хабар медиҳад. Аз ҷумла, шоми рӯзи 3 июн, тахминан соати 22:30 дақиқа аз ин хона ҷавонони 20 - сола истифода карда, ба соҳиби он 220 сомонӣ мукофотпулӣ доданд.
Женщина в платке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Макони ишқварзӣ бо 100 сомонӣ: боздошти зани 32-сола барои ташкили фоҳишахона
Илова бар ин, рӯзи 4 июн ҷавони 22 - сола, сокини ноҳияи Темурмалик ва ҷавонзани 25 - солаи ӯ, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, бар ивази 220 сомонӣ аз манзили ба фоҳишахона табдилёфта истифода намуданд.
Як шаби ишқварзӣ - 850 сомонӣ: боздошти сокини пойтахт барои ташкили фоҳишахона
Инчунин, бегоҳи 7 июн, соҳибхона манзилашро дар ихтиёри як ҷуфт, ки ҳар ду сокинони пойтахт ҳастанд, гузошта 220 сомонӣ ҳақмузди хизматашро гирифтааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0