Сӯхтор дар хонаи Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Бегоҳии рӯзи 6 - уми июн дар манзили истиқоматии Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд сӯхтор сар задааст. Дар пайи рухдоди ин ҳодиса дохил ва болопӯши ошхона, ҳуҷраҳои истиқоматӣ аз алангаи оташ зарар дидаанд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Дар ҳоле, ки дуди сиёҳ аз хона ба осмон баланд мешуд, ҳамсояҳо ва роҳгузарон аз ҳар васоил истифода намуда, барои хомӯш намудани сӯхтор кӯмак расонидаанд.
Хушбахтона бар асари ин ҳодиса ба соҳибони хона, зарари ҷонӣ нарасидааст.
Яке аз шоҳидони ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, роҳгузарон ва ҳамсояҳои зиёд ба ҷойи ҳодиса рафта барои хомӯш намудани сӯхтор талош кардаанд.
Военнослужащие 201 военной базы скрыли военную колонну от условного противника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Силсилатаркишҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ: тасодуф ё қонунмандии тарснок
“Он замон мо ҳам аз роҳи канори хона мегузаштему баландшавии дуди сиёҳро мушоҳида мекардем. Садое низ баланд шуду моро ба кӯмак хонд. Зуд ба ҳавлӣ ворид шудем, ки одамони зиёд барои хомӯш намудани сӯхтор дастбакоранд. Мо ҳам аз ҳавзи дохили хона об гирифта ба маҳалли ҳодиса мерасонидем”, - гуфт ӯ.
Бино ба гуфти ин ҳамсуҳбати мо, барои хомӯш намудани алангаи сӯхтор ҳудуди 500 нафар ҳамсояҳову роҳгузарон ширкат варзидаанд. Рухдоди ин ҳодисаро мақомоти Идораи сӯхторнишонии Суғд низ ба қайд гирифтааст.
Аз Раёсати хадамоти сӯхторнишонии Суғд гуфт ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 6 уми июн сар задааст.
“Ҳодиса тахмин соатҳои 16 : 17 дақиқа дар ҳавлии истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, кӯчаи Чинор хонаи № 28 аз сабаби бе назорат гузоштани оташдони ошхона рух додааст”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳодиса дохил ва болопӯши ошхона, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дар умум ба масоҳати 120 метри мураббаъ зарар расидааст.
Шоҳидон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ба ҷойи ҳодиса 5 нақлиёти сӯхторхомӯшкунанда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд фиристода шудаанд.
Роҳбарии дастаи сӯхторхомӯшкуниро худи сардори Раёсати хадамоти зиддисӯхтор дар вилояти Суғд роҳбарӣ кардааст.
Дар бораи ин ҳодиса ва зарари расида ба собиқ мансабдорро ҳоло мақомот расман шарҳ надодаанд.
Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд гуфта мешавад. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ, солҳои 2013 - 2018 дар ин вазифа кор кардааст. Ҳоло роҳбари Институти зироаткории Суғдро ба зима дорад.
Лентаи хабарҳо
0