https://sputnik.tj/20210608/putin-maqomi-agenti-horiji-vao-sharh-video-1040091747.html
Путин додани мақоми агенти хориҷӣ ба ВАО-ро шарҳ дод - видео
Путин додани мақоми агенти хориҷӣ ба ВАО-ро шарҳ дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Даъвоҳои кишварҳои хориҷӣ ба кори рӯзноманигорони рус саволҳои зиёдеро ба миён меоранд
2021-06-08T20:45+0500
2021-06-08T20:45+0500
2021-06-08T20:45+0500
вао
санкт-петербург
хориҷӣ
рӯзноманигорон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040079931_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_cac31f19fdcd3f6dcf26992b0551c83d.jpg
Ҳар як васоити ахбори омма метавонанд дар Русия ошкоро кор кунанд, агар амалҳои онҳо дар доираи қонун бошанд. Ғайр аз ин, ба рӯзноманигорон изҳори назар кардан манъ нест.Инро нуктаро раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар посух ба суоли Петр Кропш, мудири ожонсии нашри Олмон изҳор дошт.Вай аз Путин дар бораи фаъолияти ВАО дар Русия ва додани мақоми агенти хориҷӣ ба баъзе нашрияҳо пурсон шуд.Владимир Путин қайд кард, ки дар Русия рӯзноманигорон фикру мулоҳизаҳои зиёдеро баён мекунанд. Дар баробари ин, ВАО баъзан амали мақомотро ба таври нисбатан шадид танқид мекунад.Ғайр аз он, Путин таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба ҳолатҳое ҷалб кард, ки рӯзноманигорони рус дар кишварҳои дигар дучор мешаванд. Ба гуфтаи президент, муносибати мақомоти кишварҳои хориҷӣ ба ВАО-и Русия суолҳои зиёдеро ба миён мегузорад.Вай афзуд, ки Русия мехоҳад бо ҳамкорони хориҷӣ дар заминаи баробар ҳамкорӣ кунад.Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 2 то 5 июн баргузор гардид. Ин як ҳамоиши ҳарсолаи тиҷорӣ мебошад, ки ба масъалаҳои доғи имрӯзаи иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар форум беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони тақрибан 120 кишвар ширкат меварзанд.
https://sputnik.tj/20210606/putin-kay-safar-rusiya-ozod-1040000923.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Путин о преследовании российских журналистов за рубежом
Sputnik Тоҷикистон
Путин о преследовании российских журналистов за рубежом
2021-06-08T20:45+0500
true
PT1M40S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040079931_123:0:1563:1080_1920x0_80_0_0_3607b2cda2da6f3f9a0d1e4a795a3747.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, русия, вао, агентҳои хориҷӣ
путин, русия, вао, агентҳои хориҷӣ
Путин додани мақоми агенти хориҷӣ ба ВАО-ро шарҳ дод - видео
Даъвоҳои кишварҳои хориҷӣ ба кори рӯзноманигорони рус саволҳои зиёдеро ба миён меоранд
Ҳар як васоити ахбори омма метавонанд дар Русия ошкоро кор кунанд, агар амалҳои онҳо дар доираи қонун бошанд. Ғайр аз ин, ба рӯзноманигорон изҳори назар кардан манъ нест.
Инро нуктаро раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург дар посух ба суоли Петр Кропш, мудири ожонсии нашри Олмон изҳор дошт.
Вай аз Путин дар бораи фаъолияти ВАО дар Русия ва додани мақоми агенти хориҷӣ ба баъзе нашрияҳо пурсон шуд.
Владимир Путин қайд кард, ки дар Русия рӯзноманигорон фикру мулоҳизаҳои зиёдеро баён мекунанд. Дар баробари ин, ВАО баъзан амали мақомотро ба таври нисбатан шадид танқид мекунад.
"Онҳо кор мекунанд, ба онҳо ҳеҷ чиз рух намедиҳад. Агар шумо навиштаҷоти онҳоро хоне,ба шумо маълум мешавад, ки муҳокимаи мо, аз ҷумла дар масъалаҳои сиёсӣ то чӣ андоза озод аст", - гуфт президенти Русия.
Ғайр аз он, Путин таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро ба ҳолатҳое ҷалб кард, ки рӯзноманигорони рус дар кишварҳои дигар дучор мешаванд. Ба гуфтаи президент, муносибати мақомоти кишварҳои хориҷӣ ба ВАО-и Русия суолҳои зиёдеро ба миён мегузорад.
"Фишори воқеӣ ба рӯзноманигорони Русия, таъқиби онҳо, бастани каналҳо, маҳдуд кардани фаъолияти онҳо бо роҳҳои маъмурӣ ва молиявӣ вуҷуд дорад. Дар воқеъ, шабакаҳои мо аз сӯи мақоқотҳо пахш карда мешаванд", - таъкид кард Путин.
Вай афзуд, ки Русия мехоҳад бо ҳамкорони хориҷӣ дар заминаи баробар ҳамкорӣ кунад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 2 то 5 июн баргузор гардид. Ин як ҳамоиши ҳарсолаи тиҷорӣ мебошад, ки ба масъалаҳои доғи имрӯзаи иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар форум беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони тақрибан 120 кишвар ширкат меварзанд.