https://sputnik.tj/20210608/prezident-qazoqiston-dodgoh-mehonand-1040089627.html
Талаби даъвати президенти Қазоқистон ба додгоҳ: чаро?
Талаби даъвати президенти Қазоқистон ба додгоҳ: чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони мудофиаи вазири собиқи тандурустӣ мутмаинанд, ки кишвардор барои бепоя будани баъзе аз бандҳои иттиҳомот алайҳи зерҳимояи онҳо, шаҳодат медиҳад
2021-06-08T19:30+0500
2021-06-08T19:30+0500
2021-08-10T14:43+0500
парванда
қазоқистон
вазир
вакили дифоъ
қосим -жомарт тоқаев
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/27/1028672763_0:1:1281:721_1920x0_80_0_0_070c170caed223f4d7c162dab1a4f411.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вакили дифои вазири собиқи тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов - Дмитрий Куряченко аз додгоҳ хоҳиш кард, ки президенти кишвар, Қосим Ҷомарт Тоқаевро ба ҳайси шоҳид даъват кунанд. Рӯзи сешанбе, 8 июн, додгоҳи ноҳиявиии шаҳри Нур-Султон масъалаи тамдиди ҳабси хонагии собиқ вазири тандурустӣ Елжан Биртановро баррасӣ кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон."Тафтишот бар ин аст, ки ширкати маъруфи ҷаҳонӣ Ericsson Nikola Tesla як пойгоҳи рақамии корношоямро ба маблағи 17 миллион доллар пешниҳод кардааст, ки кори онро худи тафтишот манъ кардааст. Барои тасдиқи ин далел, додгоҳи азиз, ман хоҳиш мекунам, ки президенти кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳамчун шоҳид даъват шавад, то дурӯғи мақомоти тафтишотӣ - Агентии мониторинги молиявиро, ки мустақиман ба президент ҳисобот медиҳад, шаҳодат диҳад", - гуфт вакил. Биртановро ба чӣ айбдор мекунанд?Қаблан, дар ҷараёни мурофиаи тафтишотӣ нисбати вазири собиқи тандурустӣ айбҳо эълон шуданд. Ба гуфти додситон, тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Вазорати тандурустӣ дар соли 2015 бо ширкати хорватии Ericsson Nikola Tesla барои таҳвили системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии "Пойгоҳи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ" ба маблағи 17,8 миллион доллар шартнома бастааст. Додситон Төлеген Жараспаев изҳор дошт, ки вазири тандурустӣ Елжан Биртанов "дар бораи корношоямии платформа", медонист ва "бо мувофиқаи пешакӣ бо Олжас Абишев (собиқ ноиби вазири тандурустӣ), моҳи октябри соли 2018 фармон дод, ки платформаро дар 17 беморхонаи Нур-Султон, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шарқӣ озмоиш кунад.Ба гуфти додситон, Биртанов ва зердастонаш бо амали худ маблағҳои буҷаро талаву тороҷ карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 миллиард тенге, ё 4,1 миллион доллар зарари моддӣ расонидаанд. Вакилони дифои Биртанов ба бегуноҳии комили ӯ исрор меварзанд.
https://sputnik.tj/20210503/prokuraturai-generali-tojikiston-nizomivu-mulkii-qirghiz-parvanda-1039240928.html
https://sputnik.tj/20210602/toshiev-prezidentho-qirghiziston-bozdosht-hushdor-1039918887.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102867/27/1028672763_24:0:1157:850_1920x0_80_0_0_aae172adca50123407bc652b8cdcd355.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
додгоҳ, вакил, президенти қазоқистон, қосим-ҷомарт-тоқаев
додгоҳ, вакил, президенти қазоқистон, қосим-ҷомарт-тоқаев
Талаби даъвати президенти Қазоқистон ба додгоҳ: чаро?
19:30 08.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Вакилони дифои вазири собиқи тандурустӣ мутмаинанд, ки кишвардор барои бепоя будани баъзе аз бандҳои иттиҳомот алайҳи зерҳимояи онҳо, шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вакили дифои вазири собиқи тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов - Дмитрий Куряченко аз додгоҳ хоҳиш кард, ки президенти кишвар, Қосим Ҷомарт Тоқаевро ба ҳайси шоҳид даъват кунанд.
Рӯзи сешанбе, 8 июн, додгоҳи ноҳиявиии шаҳри Нур-Султон масъалаи тамдиди ҳабси хонагии собиқ вазири тандурустӣ Елжан Биртановро баррасӣ кард, хабар медиҳад
Sputnik Қазоқистон.
"Тафтишот бар ин аст, ки ширкати маъруфи ҷаҳонӣ Ericsson Nikola Tesla як пойгоҳи рақамии корношоямро ба маблағи 17 миллион доллар пешниҳод кардааст, ки кори онро худи тафтишот манъ кардааст. Барои тасдиқи ин далел, додгоҳи азиз, ман хоҳиш мекунам, ки президенти кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳамчун шоҳид даъват шавад, то дурӯғи мақомоти тафтишотӣ - Агентии мониторинги молиявиро, ки мустақиман ба президент ҳисобот медиҳад, шаҳодат диҳад", - гуфт вакил.
Биртановро ба чӣ айбдор мекунанд?
Қаблан, дар ҷараёни мурофиаи тафтишотӣ нисбати вазири собиқи тандурустӣ айбҳо эълон шуданд.
Ба гуфти додситон, тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Вазорати тандурустӣ дар соли 2015 бо ширкати хорватии Ericsson Nikola Tesla барои таҳвили системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии "Пойгоҳи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ" ба маблағи 17,8 миллион доллар шартнома бастааст.
Додситон Төлеген Жараспаев изҳор дошт, ки вазири тандурустӣ Елжан Биртанов "дар бораи корношоямии платформа", медонист ва "бо мувофиқаи пешакӣ бо Олжас Абишев (собиқ ноиби вазири тандурустӣ), моҳи октябри соли 2018 фармон дод, ки платформаро дар 17 беморхонаи Нур-Султон, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шарқӣ озмоиш кунад.
Ба гуфти додситон, Биртанов ва зердастонаш бо амали худ маблағҳои буҷаро талаву тороҷ карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 миллиард тенге, ё 4,1 миллион доллар зарари моддӣ расонидаанд.
Вакилони дифои Биртанов ба бегуноҳии комили ӯ исрор меварзанд.