https://sputnik.tj/20210608/oshkor-shudani-holati-talimot-ghayriqonuni-rasht-1040078497.html
Ошкор шудани 70 ҳолати таълимоти ғайриқонунӣ дар Рашт
Ошкор шудани 70 ҳолати таълимоти ғайриқонунӣ дар Рашт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар водии Рашт ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ ҷой доранд
2021-06-08T14:39+0500
2021-06-08T14:39+0500
2021-06-08T14:39+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ғайриқонунӣ
таълим
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_48daf24ccc146505da945d4809f20951.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Мақомоти дахлдори давлатӣ мегӯянд, то ба ҳол ҳолатҳои шомилшавии баъзе сокинони ноҳияҳои водии Рашт ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷой дорад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони минтақа. Ӯ афзуд, корҳои таблиғотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта мешаванд.Илова бар ин, то ҳанӯз дар ноҳияҳои водӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне ба мактабҳои хусусии динӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон идома дорад. Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки оқибати чунин амалҳоро ҳар як шахси солимфикр метавонад ба осонӣ дарк намояд.Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки ба роҳи рост ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, пешгирӣ кардани нуфузи ҳар гуна равияҳои хатарнок, ба мардум фаҳмонидани оқибати рафтору кирдори ғайриқонунӣ, аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии роҳбарону фаъолон мебошад.
https://sputnik.tj/20170122/1021548073.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_a8ae77c70a8cf0a82c622e834e737e15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таълимот, динӣ, ғайриқонунӣ
таълимот, динӣ, ғайриқонунӣ
Ошкор шудани 70 ҳолати таълимоти ғайриқонунӣ дар Рашт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар водии Рашт ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Мақомоти дахлдори давлатӣ мегӯянд, то ба ҳол ҳолатҳои шомилшавии баъзе сокинони ноҳияҳои водии Рашт ба ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷой дорад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони минтақа.
Ӯ афзуд, корҳои таблиғотӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Илова бар ин, то ҳанӯз дар ноҳияҳои водӣ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, яъне ба мактабҳои хусусии динӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон идома дорад.
“Соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст. Бар замми ин, ҳолатҳои қасдан монеи таҳсили кӯдакон шудани падару модарон дар мактабҳо ҷой доранд”, - изҳор дошт ӯ.
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки оқибати чунин амалҳоро ҳар як шахси солимфикр метавонад ба осонӣ дарк намояд.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки ба роҳи рост ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, пешгирӣ кардани нуфузи ҳар гуна равияҳои хатарнок, ба мардум фаҳмонидани оқибати рафтору кирдори ғайриқонунӣ, аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии роҳбарону фаъолон мебошад.