Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пасттарин нишондоди коронавирус аз миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон аст

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной маске
Женщина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Дар миқёси кишварҳои ИДМ пасттарин нишондиҳандаи коронаиврус дар Тоҷикистон сабт гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои ИДМ сатҳи камтарини гирифторӣ ба коронавирус доранд, гузориш медиҳад Кумитаи омори ИДМ.
Тибқи маълумоти СҶБ, аз аввали соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар ҷаҳон 170,4 миллион ҳолати тасдиқшудаи коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, шумораи фавтидагон аллакай ба 3,5 миллион нафар расидааст, ки 300 ҳазор нафар дар моҳи майи соли равон фавтидаанд.
Люди во время занятия спортом после облегчения карантинных мер в Италии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
"Ақибнишини" - и коронавирус дар Осиё, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ
Зимнан, дар миқёси кишварҳои ИДМ 9,1 миллион ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон бошад, ба 200 ҳазор нафар баробар аст.
Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Иттиҳод аз рӯи шумораи ками сироятҳои коронавирус ҷойҳои аввал ва дуввумро ишғол кардаанд. Тибқи маълумоти СҶБ, то 7 июн дар Тоҷикистон коронавирус дар 13308 нафар тасдиқ шудааст. 13218 бемор аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Ҳамзамон, 90 нафар шаҳрвандон қурбонии ин беморӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз мобайнҳои моҳи январ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0