https://sputnik.tj/20210608/beobi-shahri-panjakent-obi-nushoki-tamin-1040074880.html
Халосӣ аз беобӣ: як хоҷагӣ Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокӣ таъмин шуд
Халосӣ аз беобӣ: як хоҷагӣ Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокӣ таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки бо сохти хатти оби нӯшокӣ дар яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент беш аз се ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
2021-06-08T13:35+0500
2021-06-08T13:35+0500
2021-06-08T13:38+0500
дар тоҷикистон
суғд
панҷакент
об
оби нӯшокӣ
таъмин кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/80/1013568019_0:260:3178:2048_1920x0_80_0_0_f58b0f2a5c5cfb3c632b5ac24ae4c6a5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар як маросими ботантана хатти оби нӯшокиро Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ба истифода супурд.Тибқи иттилои манбаъ, акнун дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт, ва 500 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд.“Маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳру сокинони деҳа ҷараён гирифт”, - қайд кардаааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.Қайл гардидааст, ки хатти оби нӯшокӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 3000 ҳазор аҳолии деҳа ё худ 500 хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳалл, ҳоло дар вилояти Суғд - 83, 6%, Хатлон - 64%, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 82,5%, шаҳри Душанбе - 98,8% ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 82% - и аҳолӣ дастрасӣ ба оби ширин пайдо кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 миллиону 191 ҳазору 595 нафар ё 81,4% - и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшиданӣ таъмин шудаанд.Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба 1 октябри соли 2020 шумораи сокинони кишвар ба 9 миллиону 441 ҳазор нафар баробар шудааст.Тоҷикистон махзани об ва кишвари обҳои тозаву шифобахш маҳсуб шуда, ба иттилои коршиносон ҳудуди 60% - и оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои ин кишвар ҷорӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20210202/Tojikiston-ob-nushok-1032748300.html
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/80/1013568019_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_0742f1805585e43d61b84eb7126dc56d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вилояти суғд, мақомот, оби нӯшокӣ, панҷакент
тоҷикистон, вилояти суғд, мақомот, оби нӯшокӣ, панҷакент
Халосӣ аз беобӣ: як хоҷагӣ Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокӣ таъмин шуд
13:35 08.06.2021 (Навсозишуда: 13:38 08.06.2021) Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки бо сохти хатти оби нӯшокӣ дар яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент беш аз се ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар як маросими ботантана хатти оби нӯшокиро Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ба истифода супурд.
Тибқи иттилои манбаъ, акнун дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт, ва 500 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд.
“Маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳру сокинони деҳа ҷараён гирифт”, - қайд кардаааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Қайл гардидааст, ки хатти оби нӯшокӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 3000 ҳазор аҳолии деҳа ё худ 500 хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳалл, ҳоло дар вилояти Суғд - 83, 6%, Хатлон - 64%, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 82,5%, шаҳри Душанбе - 98,8% ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 82% - и аҳолӣ дастрасӣ ба оби ширин пайдо кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 миллиону 191 ҳазору 595 нафар ё 81,4% - и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшиданӣ таъмин шудаанд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба 1 октябри соли 2020 шумораи сокинони кишвар ба 9 миллиону 441 ҳазор нафар баробар шудааст.
Тоҷикистон махзани об ва кишвари обҳои тозаву шифобахш маҳсуб шуда, ба иттилои коршиносон ҳудуди 60% - и оби Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои ин кишвар ҷорӣ мешаванд.