https://sputnik.tj/20210607/tahmina-tars-tojikiston-video-1040030190.html
Пушаймониҳои Таҳмина ва тарс аз баргаштан ба Тоҷикистон - видео
Пушаймониҳои Таҳмина ва тарс аз баргаштан ба Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Таҳмина мегӯяд, пас аз иштирок дар озмуни "Панҷ ситора. Интервидение" бахт ба рӯи ӯ хандида буд, аммо мутаассифона аз ин шонсаш истифода накард.
2021-06-07T15:56+0500
2021-06-07T15:56+0500
2021-06-07T15:56+0500
видео
фарҳанг
таҳмина ниёзова
мусоҳиба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040025146_268:0:2561:1290_1920x0_80_0_0_c6de7333bb7f18db40e7da099e9bdc4d.jpg
Таҳмина Ниёзова, овозхони поси тоҷик, ки ба қасди Маскав, Душанберо тарк карда буд, ҳоло дар бахши чоруми Донишкадаи санъати муосири Русия таҳсил мекунад.Таҳмина мегӯяд, пас аз иштирок дар озмуни "Панҷ ситора. Интервидение" бахт ба рӯи ӯ хандида буд, аммо мутаассифона аз ин шонсаш истифода накард.Ҳоло тахмина пушаймон аст ва таҳсил дар Донишкадаи санъати муосири Русия ӯро рӯҳбаланд мекунад.Ин овозхон ҳамчунин аз боби то ҳол муҷаррад будани худ ҳарф зад ва гуфт назари мардум бобати ин масъала ӯро каме нигарону ғамгин мекунад.Таҳмина мегӯяд, аз он метарсад, ки ҳинни ба ватан баргаштан нахустин суол ҳатман ин хоҳад буд, ки кай издивоҷ мекунад.Фирор аз шӯҳрату радди ҳамсари 2 шудан: чаро Таҳмина Ниёзова Душанберо ба Маскав иваз кардӮ гуфт, дар Тоҷикистон пешниҳодҳо албатта зиёд будааст, аммо яке нуқта гузоштан дар фаъолияти ҳунарияшро талаб мекарду дигаре мехост ӯро зани дуюм гирад.Ниёзова мегӯяд, дар интизори нафарест, ки ӯро ҳамингунае, ки ҳаст қабул кунад ва талаби қурбони худу ҳунарашро тақозо накунад.Ин овозхон орзу дорад, ки дар Душанбе шӯъбаи вокали поп-ҷазро боз кунад.Ҳамчунин ният дорад, нахустин консерти инфиродии худро дар зодгоҳи падарбузурги худ барпо кунад ва маблағи ин барномаро барои кӯдакони гирифтори саратон бибахшад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040025146_774:0:2494:1290_1920x0_80_0_0_c27025a4a55d1f08059c4a8cee305f26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таҳмина ниёзова, видео
тоҷикистон, таҳмина ниёзова, видео
Пушаймониҳои Таҳмина ва тарс аз баргаштан ба Тоҷикистон - видео
Ниёзова мегӯяд, аз он пушаймон аст, ки замоне пешниҳоди дохил шудан ба Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесенро напазируфт
Таҳмина Ниёзова, овозхони поси тоҷик, ки ба қасди Маскав, Душанберо тарк карда буд, ҳоло дар бахши чоруми Донишкадаи санъати муосири Русия таҳсил мекунад.
Таҳмина мегӯяд, пас аз иштирок дар озмуни "Панҷ ситора. Интервидение" бахт ба рӯи ӯ хандида буд, аммо мутаассифона аз ин шонсаш истифода накард.
Ҳоло тахмина пушаймон аст ва таҳсил дар Донишкадаи санъати муосири Русия ӯро рӯҳбаланд мекунад.
Ин овозхон ҳамчунин аз боби то ҳол муҷаррад будани худ ҳарф зад ва гуфт назари мардум бобати ин масъала ӯро каме нигарону ғамгин мекунад.
Таҳмина мегӯяд, аз он метарсад, ки ҳинни ба ватан баргаштан нахустин суол ҳатман ин хоҳад буд, ки кай издивоҷ мекунад.
Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон пешниҳодҳо албатта зиёд будааст, аммо яке нуқта гузоштан дар фаъолияти ҳунарияшро талаб мекарду дигаре мехост ӯро зани дуюм гирад.
Ниёзова мегӯяд, дар интизори нафарест, ки ӯро ҳамингунае, ки ҳаст қабул кунад ва талаби қурбони худу ҳунарашро тақозо накунад.
Ин овозхон орзу дорад, ки дар Душанбе шӯъбаи вокали поп-ҷазро боз кунад.
Ҳамчунин ният дорад, нахустин консерти инфиродии худро дар зодгоҳи падарбузурги худ барпо кунад ва маблағи ин барномаро барои кӯдакони гирифтори саратон бибахшад.