https://sputnik.tj/20210607/modari-baroni-silohfurush-putinu-bayden-pisar-rusiya-bargardoanand-1040024221.html
Модари “Барони силоҳфурӯш” аз Путину Байден хост, писарашро ба Русия баргардонанд
Модари “Барони силоҳфурӯш” аз Путину Байден хост, писарашро ба Русия баргардонанд
Sputnik Тоҷикистон
Модари Виктор Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки нисбати оилаҳои маҳбусони ҳарду кишвар меҳрубонии масеҳӣ дошта бошанд
2021-06-07T14:19+0500
2021-06-07T14:19+0500
2021-06-07T19:08+0500
амрико
дархост
хоҳиш
модар
руасои ҷумҳурӣ
маҳбус
баргардонидан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/64/1030896455_0:0:2787:1568_1920x0_80_0_0_489bc8edab25832de1da0bd54db77f86.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раиса Бут, модари соҳибкори рус Виктор Бут, ки дар Амрико 25 соли ҳукми зиндон гирифт, пеш аз нишасти қарибулвуқӯъи руасоиҷумҳури Русия ва Амрико дар шаҳри Женева ба Владимир Путин ва Ҷо Байден муроҷиат кардааст.Раиса Бут аз раҳбарони ду кишвар хостааст, ки барои бозгашти писараш ба Ватан мусоидат кунанд. Иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.Ба гуфтаи Бут, бинобар синну сол ва вазъи саломатияш, ӯ наметавонад ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад ва писарашро дар маҳбас аёдат кунад.Раиса Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки ба оилаҳои шаҳрвандони Русия дар зиндонҳои ИМА ва амрикоиҳо, ки дар Русия адои ҷазо мекунанд, меҳрубонии масеҳӣ зоҳир кунанд.Раиса Бут хоҳиш кардааст, ки "барои онҳо шонсе диҳад, ки оилаи онҳо якҷоя шавад"Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2021 13-умин солгарди боздошти Бут дар Бангкок бо дархости Иёлоти Муттаҳида дар натиҷаи амалиёти иғвоангезонаи хадамоти ҷосусии Амрико мебошад.Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.Бут дар соли 2012 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.Додгоҳи Ню-Йорки Амрико Виктор Бутро дар созиш барои куштори шаҳрвандони ИМА ва дастгирии молиявии терроризм гунаҳгор донист.
https://sputnik.tj/20210524/cana-muloqot-putin-bayden-1039704787.html
https://sputnik.tj/20210606/bayden-putin-posuh-amalhoi-ziyonovar-1040001942.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/64/1030896455_23:0:2754:2048_1920x0_80_0_0_c3d681e7c7bd67028090883ef83a9e9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, амрико, виктор бут, модар, дархост
тоҷикистон, русия, амрико, виктор бут, модар, дархост
Модари “Барони силоҳфурӯш” аз Путину Байден хост, писарашро ба Русия баргардонанд
14:19 07.06.2021 (Навсозишуда: 19:08 07.06.2021) Модари Виктор Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки нисбати оилаҳои маҳбусони ҳарду кишвар меҳрубонии масеҳӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раиса Бут, модари соҳибкори рус Виктор Бут, ки дар Амрико 25 соли ҳукми зиндон гирифт, пеш аз нишасти қарибулвуқӯъи руасоиҷумҳури Русия ва Амрико дар шаҳри Женева ба Владимир Путин ва Ҷо Байден муроҷиат кардааст.
Раиса Бут аз раҳбарони ду кишвар хостааст, ки барои бозгашти писараш ба Ватан мусоидат кунанд. Иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.
Ба гуфтаи Бут, бинобар синну сол ва вазъи саломатияш, ӯ наметавонад ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад ва писарашро дар маҳбас аёдат кунад.
"Ман аз шумо ҳамчун модар хоҳиш мекунам, ки солҳои зиёд писарамро интизорам: бо ягон роҳ миёни худ ба тавофуқ биёед, то писарам ҳангоми зинда буданам ба наздам расонед", - навиштааст модари Виктор Бут.
Раиса Бут аз Путин ва Байден даъват кард, ки ба оилаҳои шаҳрвандони Русия дар зиндонҳои ИМА ва амрикоиҳо, ки дар Русия адои ҷазо мекунанд, меҳрубонии масеҳӣ зоҳир кунанд.
"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, вақте ки шумо масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳониро баррасӣ мекунед, як лаҳзае ба мушкилоти оилаи мо ва дигар оилаҳои русҳо ва амрикоиҳо назар андозед”, - гуфт зан.
Раиса Бут хоҳиш кардааст, ки "барои онҳо шонсе диҳад, ки оилаи онҳо якҷоя шавад"
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2021 13-умин солгарди боздошти Бут дар Бангкок бо дархости Иёлоти Муттаҳида дар натиҷаи амалиёти иғвоангезонаи хадамоти ҷосусии Амрико мебошад.
Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.
Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.
Бут дар соли 2012 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи Ню-Йорки Амрико Виктор Бутро дар созиш барои куштори шаҳрвандони ИМА ва дастгирии молиявии терроризм гунаҳгор донист.