Эмомалӣ Раҳмон ба Нуробод рафт

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Нурабадский район
 Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Нурабадский район - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Дар ин сафар президенти кишвар бо фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шарқи кишвар ноҳияи Нуробод рафтааст.
Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд - маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол намуданд, хабар додааст котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, президент бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ба ин минтақа сафар кардааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Навори сафари кории президент ба Ворух
Гуфта мешавад, раисиҷумҳури кишвар дар доираи сафараш ҳамзамон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот хоҳад кард.
Як манбаъ аз Ҳукумати кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ва омодагиҳо ба он, дар назара аст сафарҳои президент ба дигар навоҳӣ низ сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0