https://sputnik.tj/20210607/bayden-nahost-muloqotash-zelenskiy-guftugu-1040065179.html
Байден нахост пеш аз мулоқоташ бо Путин бо Зеленский гуфтугӯ кунад
Байден нахост пеш аз мулоқоташ бо Путин бо Зеленский гуфтугӯ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Амрико баъд аз тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз дигар намехоҳад пеш аз дидору гуфтугӯ бо Владимир Путин бо роҳбари Украина мулоқот кунад
2021-06-07T18:50+0500
2021-06-07T18:50+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
амрико
владимир путин
мулоқот
раисҷумҳур
ҷо байден
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032621670_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_ac406a3358ba7e5e4d93917f5057c9fd.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский қабл аз нишасти Русияву Амрико даст кашид, иттилоъ додааст Axios дар истинод ба як манбаъ аз Кохи Сафед.Гуфта мешавад, ки Байден воқеан мехост пеш аз музокира бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Женева бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кунад. Аммо баъдтар, Кохи Сафед фикрашро иваз кард.Ба иттилои Axios, ин тасмим бо тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз марбут будааст. Мақомоти ИМА дар амалҳои Украина радди мубориза бо коррупсияро диданд, менависад рӯзнома.Дар навбати худ, Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо Байден дар арафаи нишасти Русияву Амрико дар Женева эълон кард. Зеленский мехоҳад дар бораи татбиқи лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ -2” гуфтугӯ кунад.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар ҳамоиши дуҷониба ширкат кунанд. Мулоқот дар шаҳри Женева баргузор мешавад.Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, руасои ҷумҳур муносибатҳо миёни кишварҳо, суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъро баррасӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210606/bayden-putin-posuh-amalhoi-ziyonovar-1040001942.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032621670_214:0:2945:2048_1920x0_80_0_0_e8c13edbc65c71757d484c4beb7ce192.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амрико, байден, путин, зеленский, мулоқот, дидор, раисҷумҳур
украина, амрико, байден, путин, зеленский, мулоқот, дидор, раисҷумҳур
Байден нахост пеш аз мулоқоташ бо Путин бо Зеленский гуфтугӯ кунад
18:50 07.06.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раисҷумҳури Амрико баъд аз тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз дигар намехоҳад пеш аз дидору гуфтугӯ бо Владимир Путин бо роҳбари Украина мулоқот кунад
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский қабл аз нишасти Русияву Амрико даст кашид, иттилоъ додааст Axios дар истинод ба як манбаъ аз Кохи Сафед.
Гуфта мешавад, ки Байден воқеан мехост пеш аз музокира бо раҳбари Русия Владимир Путин дар Женева бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ кунад. Аммо баъдтар, Кохи Сафед фикрашро иваз кард.
Ба иттилои Axios, ин тасмим бо тағир ёфтани раҳбарияти ширкати давлатии энержии Нафтогаз марбут будааст.
Мақомоти ИМА дар амалҳои Украина радди мубориза бо коррупсияро диданд, менависад рӯзнома.
Дар навбати худ, Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо Байден дар арафаи нишасти Русияву Амрико дар Женева эълон кард. Зеленский мехоҳад дар бораи татбиқи лоиҳаи “Маҷрои Шимолӣ -2” гуфтугӯ кунад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар ҳамоиши дуҷониба ширкат кунанд. Мулоқот дар шаҳри Женева баргузор мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, руасои ҷумҳур муносибатҳо миёни кишварҳо, суботи стратегӣ, мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъро баррасӣ хоҳанд кард.