https://sputnik.tj/20210606/palavi-obdor-siyohalafu-poedim-poedim-tojikiston-1040008425.html
Палави обдор, 5 ҷои диданӣ, сиёҳалафу ҷӯроб: нашри “Поедим, поедим!” аз Тоҷикистон - видео
Палави обдор, 5 ҷои диданӣ, сиёҳалафу ҷӯроб: нашри “Поедим, поедим!” аз Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи ҷадиди “Поедем, поедим!” – “Биравем, бихӯрем!”, ки дар Тоҷикистон таҳия шудааст, нашр гардид
2021-06-06T18:39+0500
2021-06-06T18:39+0500
2021-06-06T18:39+0500
видео
дар тоҷикистон
фарҳанг
сайёҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/06/1040008396_4:0:1231:690_1920x0_80_0_0_fb7db9f2d48ca62b8cdb2b4a448b63a2.jpg
Ровиёни “Поедим, поедим!” Федерико Арналди итолиёӣ ва Габриэлла Да Силваи бразилиягӣ талош кардаанд, ҷойҳою ғизоҳоеро, ки метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон бошанд, намоиш диҳанд. Нахуст ровиён аз бозори Меҳргон дидан карда, таъкид намуданд, ки ин бозор монанди қаср аст, ки меваю сабзавот тавре ба намоиш гузошта шудаанд, ки гӯиё дар осорхона бошанд. Онҳо аз савдогарон тавсиф карданд, ки арзон мефурӯшанд ва бо табассуму таъриф маҳсулотро арзон хариданд. Федерико дар феҳрасти панҷ ҷои диданӣ бозори Меҳргон, Кохи Наврӯз, Боғи ботаникӣ, Қалъаи Ҳисор ва нерӯгоҳи Норакро ном бурдааст. Ӯ дар ҷои аввал Кохи Наврӯзро қарор додааст, ки боздид аз он 25 сомонӣ нарх дорад. Дар барнома инчунин Ифтихор ба барандаҳои “Поедим, поедим” тарзи тайёр кардани “Сиёҳалаф” – ро нишон додаст. Габриела инчунин ба ивази 110 сомонӣ ҷӯроби помирӣ харида, тавсиф намуд. Самбӯсапаз Аминҷон Салимов ҳунарашро ба барандаҳои барнома ёд дода, таъриф шунид. Инчунин Габриела аз Хонаи мӯд дидан намуд, ки ҳадафашро эҳёи либоси миллӣ гузоштааст ва онро биҳишт барои бонувон хонд. Ровиён дар охири барнома бо роҳнамоии Нигина, кадбонуи тоҷик, "ялама", ғизоеро, ки "палави моеъ"- аш ном гузоштанд, тайёр намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/06/1040008396_181:0:1101:690_1920x0_80_0_0_5169cd350fe946533bdd9b316f9a992a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, фарҳанг, сайёҳон, видео
видео, дар тоҷикистон, фарҳанг, сайёҳон, видео
Палави обдор, 5 ҷои диданӣ, сиёҳалафу ҷӯроб: нашри “Поедим, поедим!” аз Тоҷикистон - видео
Барномаи “Поедем, поедим!” – “Биравем, бихӯрем!”, ки аз Тоҷикистон таҳия шудааст, нашр гардид
Ровиёни “Поедим, поедим!” Федерико Арналди итолиёӣ ва Габриэлла Да Силваи бразилиягӣ талош кардаанд, ҷойҳою ғизоҳоеро, ки метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон бошанд, намоиш диҳанд.
Нахуст ровиён аз бозори Меҳргон дидан карда, таъкид намуданд, ки ин бозор монанди қаср аст, ки меваю сабзавот тавре ба намоиш гузошта шудаанд, ки гӯиё дар осорхона бошанд. Онҳо аз савдогарон тавсиф карданд, ки арзон мефурӯшанд ва бо табассуму таъриф маҳсулотро арзон хариданд.
Федерико дар феҳрасти панҷ ҷои диданӣ бозори Меҳргон, Кохи Наврӯз, Боғи ботаникӣ, Қалъаи Ҳисор ва нерӯгоҳи Норакро ном бурдааст. Ӯ дар ҷои аввал Кохи Наврӯзро қарор додааст, ки боздид аз он 25 сомонӣ нарх дорад.
Дар барнома инчунин Ифтихор ба барандаҳои “Поедим, поедим” тарзи тайёр кардани “Сиёҳалаф” – ро нишон додаст. Габриела инчунин ба ивази 110 сомонӣ ҷӯроби помирӣ харида, тавсиф намуд.
Самбӯсапаз Аминҷон Салимов ҳунарашро ба барандаҳои барнома ёд дода, таъриф шунид. Инчунин Габриела аз Хонаи мӯд дидан намуд, ки ҳадафашро эҳёи либоси миллӣ гузоштааст ва онро биҳишт барои бонувон хонд. Ровиён дар охири барнома бо роҳнамоии Нигина, кадбонуи тоҷик, "ялама", ғизоеро, ки "палави моеъ"- аш ном гузоштанд, тайёр намуданд.