Гирдиҳамоии ҷонибдорони Инанда дар назди сафорати Туркия дар Бишкек- видео

© Sputnik / Эркин СадыковСторонники Орхана Инанды на митинге у посольства Турции в Бишкеке
Сторонники Орхана Инанды на митинге у посольства Турции в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2021
Обуна шудан
Ба гуфти Райҳон Инанда ва вакили дифои хонавода, манбаъ гуфтааст, ки шахси таҳти ҷустуҷӯ - яъне ҳамсари Орхан Инанда дар сафорати Туркия аст.
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Дар назди сафорати Туркия дар Қирғизистон митинги хурди тарафдорони раҳбари гумшудаи шабакаи муассисаҳои таълимии "Сапат" Орхан Инанда баргузор шуд.
Тақрибан 10 нафар, аз ҷумла ҳамсари гумшуда - Райҳон Инанда ширкат варзиданд. Вай изҳор дошт, ки эҳтимол аст шавҳари ӯро дар бинои намояндагии дипломатии Туркия нигоҳ медоранд.
Адвокати оила Таалайгул Токтакуноваҳо тавзеҳ дод, ки Райҳон Инанда аз як манбаи огоҳ маълумот гирифтааст, ки ба далели таҳдид ба ҷонаш намехоҳад номашро ифшо кунад.
"Ҳамсари Орхан Инанда дар шароити феълӣ ба ин манбаъ 120 дарсад боварӣ дорад, зеро ӯ дидааст ва медонад ... Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд инро бифаҳманд. Маълумот дар бораи дурӯғ будани ин гузориш хеле пурарзиш хоҳад буд, аммо пулис инро то ҳол рад накардааст. Умед ҳаст, ки Орхан Инанда зинда аст. Шояд ӯро маҷбур кунанд то аз шаҳрвандии Қирғизистон даст кашад ва бо шиносномаи туркӣ аз кишвар бароварда шавад", - гуфт Токтакунова.
Гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Туркия дар Бишкек: мардум чӣ талаб дорад? видео
Ба гуфти вай, қаблан расонаҳо гузориш дода буданд, ки афроди бо ҳаракати Фатҳуллоҳ Гуллен, ки дар Туркия мамнӯъ аст, пайвастбударо аз кишварҳои хориҷ бурдаанд.
Адвокат афзуд, ки дар ВАО-и Туркия маълумот пайдо шудааст, ки эҳтимол дорад Инанда "дар дасти хадамоти махфии Қирғизистон" бошад. Касе аз сафорати Туркия ба назди тазоҳуркунандагон наомад.

Гум шудани Орхан Инанда

Президенти шабакаи литсейҳои "Сапат" Орхан Инанди, зодаи Туркия субҳи барвақти 1 июн дар Бишкек нопадид шуд. Мошини ӯ бо дари боз дар кӯчаи Малдибоев ёфт шуд, аризаро дар бораи нопадид шудани мард, писараш навишт.
Турецкий курорт Анталья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Нақши Туркия дар Осиёи Марказӣ – баҳои таҳлилгарон
Президент Содир Ҷабборов ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷустуҷӯро шадидтар кунанд.
Ҳимоятгари "Сапат" Зоотбек Кудайбергенов фарзияи одамрабоиро истисно намедонад. Вай қайд кард, ки Инанди аз соли 2012 шаҳрванди Қирғизистон аст.
Боз эътироз: таҷаммуи мардуми Қирғизистон дар шароити вируси корона
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар навбати худ хабар дод, ки ду сол пеш ба Орхан Инанда дар бораи таҳдиди рабудан ҳушдор шуда буд.
Шабакаи муассисаҳои таълимии "Себат" соли 2017 ба "Сапат" тағйири ном кард. Акнун Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз муассисон мебошад.
Пештар хабар дода шуд, ки ба муассисон се шаҳрванди Қирғизистон - Майрамбек Ҷумалиев, Ҷолдошалӣ Кочконбоев ва Орхан Инандӣ шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0