Шавҳарашро латукӯб кард: боздошти ҷавонзане дар Душанбе

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Обуна шудан
Зан ба бадани ҳамсараш, ҷавони 21-сола ду маротиба бо оинапора зарба задааст
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зани 28-солаеро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардааст.
Боздоштшуда зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанбе буда бо ҳамсараш муноқиша мекунад
"Номбурда, рӯзи 2-юми июни соли 2021, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт бо шавҳараш, ҷавони 21-сола ҷангу ҷанҷол карда, шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2020
Боздошти ҷавонзани 19 сола дар Исфара, ки шавҳарашро корд зад
Вазорати умури дохила шарҳ надодааст, ки дар пайи кадом ҳалот зану шавҳар муноқиша кардаанд
Ба гузориши ВУД, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Феълан, назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояи ӯ дар робита ба қазия маълум нест.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати боздошти занҳо барои зарар ба саломатии шавҳар набуда, қаблан низ ВКД аз чунин боздоштҳо ва ҳатто куштор хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0