https://sputnik.tj/20210605/hushdori-obuhavoshinoson-harorati-havo-garm-meshavad-1039997400.html
Ҳушдори обуҳавошиносон: бе зарурат кӯча набароед, ҳарорати ҳаво то 46 дараҷа гарм мешавад
Ҳушдори обуҳавошиносон: бе зарурат кӯча набароед, ҳарорати ҳаво то 46 дараҷа гарм мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Аз санаи 5 то 9 июни соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
2021-06-05T18:35+0500
2021-06-05T18:35+0500
2021-08-10T16:53+0500
дар тоҷикистон
"офтоб"
кҳф
кӯча
обу ҳаво
тобистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102964/32/1029643218_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_a7bf00be1bfb1667f5c9e70038189eed.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 37+42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.Манбаъ таъкид доштааст, ки рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки гармии зиёд метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадашон шавад.Аз ин рӯ аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд.Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.
https://sputnik.tj/20210605/garmoi-peshgui-obu-havo-tojikiston-1039988889.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102964/32/1029643218_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_ff2080895f09f6f36b89ff5393111e90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обуҳавошиносон, заурат, куча, ҳаво, гарм
тоҷикистон, обуҳавошиносон, заурат, куча, ҳаво, гарм
Ҳушдори обуҳавошиносон: бе зарурат кӯча набароед, ҳарорати ҳаво то 46 дараҷа гарм мешавад
18:35 05.06.2021 (Навсозишуда: 16:53 10.08.2021) Аз санаи 5 то 9 июни соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда ҳарорат то 37+42 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 43+46 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 31+36 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки рӯзҳои 5-8 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки гармии зиёд метавонад сабабгори обшавии барфҳо дар кӯҳҳо шуда, боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва омадани сел дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадашон шавад.
Аз ин рӯ аз меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз нурҳои офтоб дурӣ ҷӯста, кӯшиш кунанд ҳамеша дар соя бошанд ва рӯзона, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд.
Ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ аз хатари сел аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки пайваста селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои назди манзили истиқоматии худро аз ҳар гуна партову хасрӯбаҳо тоза кунанд.