https://sputnik.tj/20210605/boghhoi-dushanbe-silsilabarnomahoi-farhangi-1039992304.html
Имрӯзу фардо дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ баргузор мешавад
Имрӯзу фардо дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Санаи 5-6 июн дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд 05.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-05T13:50+0500
2021-06-05T13:50+0500
2021-08-10T17:00+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
душанбе
пойтахт
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/85/1025378597_0:248:3000:1936_1920x0_80_0_0_275105efda59a6d56fda2ffc1709e5bb.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Тибқи тақвими баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ, 5 июн Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар Боғи “Рӯдакӣ”, бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи “Ирам”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи “Кӯли ҷавонон”, шаҳри Хоруғ дар Боғи “Абулқосим Фирдавсӣ” ва Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи М. Осимӣ дар “Майдони 800- солагии Москва” барномаи фарҳангии худро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.Тибқи иттилои кумитаи ҷавонон ва варзиш 6 июн, рӯзи якшанбе бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи “Ҷавонон”, Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар “Боғи ба номи Садриддин Айнӣ”, Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи “Устод Рӯдакӣ” ва шаҳри Ҳисор дар “Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.Барномаҳои фарҳангӣ як соат идома меёбанд ва аз соати 18:00 то 19:00 доир мешаванд.Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ додааст, шурӯъ аз моҳи майи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд. Ин барномаҳои фаҳангӣ, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт баргузор мешавад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/85/1025378597_329:0:3000:2003_1920x0_80_0_0_5b78b641e4a540cb58efe7cee6609420.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, душанбе, пойтахт, ҷавонон
дар тоҷикистон, фарҳанг, душанбе, пойтахт, ҷавонон
Имрӯзу фардо дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ баргузор мешавад
13:50 05.06.2021 (Навсозишуда: 17:00 10.08.2021) Санаи 5-6 июн дар боғҳои Душанбе силсилабарномаҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Тибқи тақвими баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ, 5 июн Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар Боғи “Рӯдакӣ”, бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи “Ирам”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи “Кӯли ҷавонон”, шаҳри Хоруғ дар Боғи “Абулқосим Фирдавсӣ” ва Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи М. Осимӣ дар “Майдони 800- солагии Москва” барномаи фарҳангии худро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Тибқи иттилои кумитаи ҷавонон ва варзиш 6 июн, рӯзи якшанбе бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Боғи “Ҷавонон”, Муассисаи давлатии “Ансамбли тарона ва рақси Сомон” дар “Боғи ба номи Садриддин Айнӣ”, Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи “Устод Рӯдакӣ” ва шаҳри Ҳисор дар “Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.
Барномаҳои фарҳангӣ як соат идома меёбанд ва аз соати 18:00 то 19:00 доир мешаванд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ додааст, шурӯъ аз моҳи майи соли равон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт силсилабарномаҳои фарҳангӣ доир карда мешаванд.
Ин барномаҳои фаҳангӣ, ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои пойтахт баргузор мешавад.