https://sputnik.tj/20210604/putin-dastur-sistema-emguzaroni-pulaki-muhojiron-1039978515.html
Путин дастур дод, барои муҳоҷирон системаи эмгузаронии пулакӣ таҳия шавад
Путин дастур дод, барои муҳоҷирон системаи эмгузаронии пулакӣ таҳия шавад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин ба Ҳукумат супориш додааст, ки системаи пулакии эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шавад.
2021-06-04T17:50+0500
2021-06-04T17:50+0500
2021-06-04T19:34+0500
муҳоҷират
владимир путин
дар русия
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039976043_0:0:3275:1842_1920x0_80_0_0_9e094e3b359664c5caec5dc5aae64997.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба Ҳукумат супориш додааст, ки системаи пулакии эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шавад.Бо дархости раҳбари Русия, Ҳукумат бояд ин масъаларо то охири моҳи ҷорӣ ҳал кунад."Лутфан, масъалаи бо ваксин таъмин намудани нафаронеро, ки дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ озими Русия мешаванд, ҳал кунед", - талаб намудааст роҳбари Русия.Ӯ илова намуд, ки Русия метавонад ба хориҷиён чунин имкон фароҳат орад, ки онҳо вориди кишвар шуда, алайҳи вируси COVID - 19 эм гиранд. Ёдовар мешавем, ки дар Русия маъракаи эмгузаронӣ тавассути се ваксини истеҳсоли ватанӣ ҷараён дорад.Яке аз ин ваксинҳо "Спутник V" мебошад, ки Владимир Путин онро муассиру бехавф арзёбӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039976043_504:0:3233:2047_1920x0_80_0_0_36c12a4e4fc78142a4fa10660433d7b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, владимир путин, ваксин
русия, муҳоҷират, владимир путин, ваксин
Путин дастур дод, барои муҳоҷирон системаи эмгузаронии пулакӣ таҳия шавад
17:50 04.06.2021 (Навсозишуда: 19:34 04.06.2021) Бо супориши Владимир Путин, ҳукумати ин кишвар то охири моҳи ҷорӣ бояд системаи эмгузаронии пулакӣ барои муҳоҷиронро таҳия кунад
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин ба Ҳукумат супориш додааст, ки системаи пулакии эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шавад.
Бо дархости раҳбари Русия, Ҳукумат бояд ин масъаларо то охири моҳи ҷорӣ ҳал кунад.
"Лутфан, масъалаи бо ваксин таъмин намудани нафаронеро, ки дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ озими Русия мешаванд, ҳал кунед", - талаб намудааст роҳбари Русия.
Ӯ илова намуд, ки Русия метавонад ба хориҷиён чунин имкон фароҳат орад, ки онҳо вориди кишвар шуда, алайҳи вируси COVID - 19 эм гиранд.
"Саноати дорусозии ватанӣ омодааст, минбаъд ҳам истеҳсоли ваксинро афзоиш диҳад. Мо на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра қонеъ мекунем, балки метавонем хориҷиёнро низ ба Русия оварда бо ваксин таъмин кунем", - илова намудааст Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия маъракаи эмгузаронӣ тавассути се ваксини истеҳсоли ватанӣ ҷараён дорад.
Яке аз ин ваксинҳо "Спутник V" мебошад, ки Владимир Путин онро муассиру бехавф арзёбӣ мекунад.