https://sputnik.tj/20210604/kulob-kudakon-em-1039961876.html
Дар Кӯлоб 72 фисади кӯдакони то синни 5 - сола эм гирифтанд
Дар Кӯлоб 72 фисади кӯдакони то синни 5 - сола эм гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи нақша дар ин вилоят бояд 188 ҳазору 84 кӯдакони то синни 5 - сола алайҳи маризии фалаҷ ваксин гиранд
2021-06-04T10:51+0500
2021-06-04T10:51+0500
2021-06-04T13:46+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
фалаҷи атфол
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061921_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c509efb00d8340c928cd8d641eb8fe6a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб маъракаи эмгузаронии кӯдакони то синни 5 - сола идома дорад, хабар медиҳад агентии Ховар.Ба иттилои манбаъ, феълан тамоми мутахассисони марказҳои марбута ба маъракаи эмгузаронӣ сафарбар гардидаанд.Мудири филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрафилактика дар минтақаи Кӯлоб, Бунафша Мирзоева ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳоло барои пиёда намудани ин чорабинӣ дар қаламрави шаҳр 504 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъол ҳастанд.Мирзоева мегӯяд, бояд 188 ҳазору 84 кӯдак алайҳи ин маризӣ ваксин шаванд. Ҳоло ба 147 434 кӯдак тариқи даҳон ваксин гузаронда шудааст.Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 5- сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СҶБ, 4,6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.
https://sputnik.tj/20210328/Vazorati-tandurust-sababi-falaj-Tojikiston-1033088046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061921_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_15c0a858500426535f1b0963d5298a9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, фалаҷи атфол, эм
Дар Кӯлоб 72 фисади кӯдакони то синни 5 - сола эм гирифтанд
10:51 04.06.2021 (Навсозишуда: 13:46 04.06.2021) Тибқи нақша дар ин вилоят бояд 188 ҳазору 84 кӯдаки то синни 5 - сола алайҳи маризии фалаҷ ваксин гиранд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб маъракаи эмгузаронии кӯдакони то синни 5 - сола идома дорад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, феълан тамоми мутахассисони марказҳои марбута ба маъракаи эмгузаронӣ сафарбар гардидаанд.
Мудири филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрафилактика дар минтақаи Кӯлоб, Бунафша Мирзоева ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳоло барои пиёда намудани ин чорабинӣ дар қаламрави шаҳр 504 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъол ҳастанд.
Мирзоева мегӯяд, бояд 188 ҳазору 84 кӯдак алайҳи ин маризӣ ваксин шаванд. Ҳоло ба 147 434 кӯдак тариқи даҳон ваксин гузаронда шудааст.
Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 5- сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки барои гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СҶБ, 4,6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.