Садамаи маргбори кортежи Ҷабборов: шарҳи котиботи раисиҷумҳур

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Худраве аз кортежи раисҷумҳури Қирғизистон ба мошин, ки ба самти муқобили роҳ баромад, бархӯрд, иттилоъ додааст дастгоҳи раисҷумҳур
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Як худрав аз кортежи раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар минтақаи Иссиқкӯл ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа як корманди хадамоти 9-уми Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷон бохт, иттилоъ дод хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.
Манбаъ қайд кардааст, худраве, ки ба шахсони ҳамроҳикунанда вобаста буд, дар як қитаъаи роҳ дар наздикии деҳа ба худраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад бархӯрдааст.
Тибқи маълумоти пешакии хадамоти матбуоти расиҷумҳур, ронандаи худраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад, маст будааст.
Крупная авария с участием шести авто на Рублёво-Успенском шоссе 23.04.2021 - youtube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Садамаи калон бо иштироки мошини сарвазири Русия дар назди Маскав - видео
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, се нафар маҷруҳ ва як нафар - корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ҷон бохтааст.
Таъкид шудааст, ки худи Ҷабборов дар ин садама осеб надидааст.
Лентаи хабарҳо
0