Кумитаи байналмилалии олимпӣ ду маркази эмкунӣ таъсис дод

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузариш ба медиабонк Ветеринар держит в руках шприц с препаратом "Карнивак-Ков" от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Гуфта мешавад, варзишгароне, ки дар ватани худ имкони эм гирифтанро надоранд, дар ин марказҳо ваксин хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ҷиҳати ҳарчи бештар эм кардани варзишгарон зидди коронавирус пеш аз сафар ба Ҷопон, дар Қатар ва Руанда ду маркази иммунизатсия таъсис дод.
Котиботи Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, хабар медиҳад, ки дар доираи иқдоми КБО, варзишгарон бо ваксини олмонии “Pfizer-BioNTech” эм карда мешаванд.
КБО иброз намуд, кумитаҳои миллии олимпие, ки ҷиҳати сафар ба ин марказҳо ба маблағ ниёз доранд, метавонанд ба ҳамбастагии олимпӣ дархост пешниҳод намоянд.
“Чунин имкони иловагӣ ҷиҳати иммунизатсия боис мегардад, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио ҳам барои иштирокчиён ва ҳам барои ҷопониҳо бехатар бошад”, - гуфтааст Ҷеймс Маклеод, директори КБО ва ҳамбастагии олимпӣ.
КБО тасдиқ кард, ки 75 дарсади онҳое, ки дар Деҳаи олимпӣ хоҳанд буд, эм карда шудаанд ва ин шумора дар рӯзҳои баргузории бозиҳо ба беш аз 80 дарсад хоҳад расид.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. То имрӯз се варзишгари мо тавонистанд роҳхати бозиҳоро ба даст оваранд. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (200м) дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0