https://sputnik.tj/20210603/rohkiro-kor-joi-hob-birzhaimehnat-muhojirin-1039932700.html
Роҳкиро, кор, ҷои хоб: “Биржаи меҳнати муҳоҷирин” чӣ кор мекунад?
Роҳкиро, кор, ҷои хоб: “Биржаи меҳнати муҳоҷирин” чӣ кор мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
“Биржаи меҳнати муҳоҷирин” кӯмакҳои худ ба муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро аз хонаашон дар Тоҷикистон то ҷои корашон дар Русия мерасонад
2021-06-03T10:53+0500
2021-06-03T10:53+0500
2024-01-27T17:01+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷир
таъсиси биржа дар душанбе
кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061233608_0:181:2995:1866_1920x0_80_0_0_3d4dc4871c6fcccf4b1d0c42933411d0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ин ширкат, ки таҳти пуштибонии Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон таъсис ёфт, ният дорад, бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монад. Тими кормандони “Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” онҳоеро, ки мехоҳанд барои кор ба кишвари дигар раванд, дастгирӣ ва аз манфиатҳои онҳо дар кишвари хориҷӣ ҳимоят мекунад. Ҳамзамон истихдом (ҷалб) - и дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар хориҷа, қабл аз ҳама, Русия анҷом хоҳад дод. Мутеулло Насриев, муовини “Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкат дар интизори ба даст овардани қарори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи муҷаввизи фаъолият аст. Вай гуфт, аллакай тавофуқот дар бораи ҳамкорӣ бо чанд ширкат дар Русияро ниҳоӣ кардаанд. "Аммо ҳоло ки муҷаввизи фаъолиятро ба даст наовардаем, наметавонем созишномаҳоро ба имзо расонем. Аммо тавофуқот ҳосил шудаанд. Ба гунаи мисол, бо фабрикаи мурғпарварии Томбов", - гуфт Насриев. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи худ ба ҷалби муҳоҷирини меҳнатӣ аз Тоҷикистонро соҳибкороне аз Ростов ва Подмоскове изҳор доштаанд. Ба ҳамин минвол, хоҷагиҳои фермерӣ омодаанд ҳудуди 40-50 корманди хориҷиро қабул кунанд. Муовини директор афзуд, ки тими ширкат бо ин гуна фаъолиятҳо ҳанӯз аз соли 1993 ба ин сӯ дар Биржаи меҳнатии ҷавонони назди собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ машғул буд. Аммо баробари шурӯъи пандемияи “вируси корона” ба кори худ хотима бахшид ва кори ширкати навро аз сифр оғоз кардааст. Насриев қисса мекунад, ки соли 2006 ба як колхози азкормонда дар ноҳияи Градишеви вилояти Волгоград ҳудуди 200 тоҷикистонӣ истихдом шуданд. Ин колхоз бо талоши муҳоҷирини меҳнатӣ ба по хест. "Техника дошт, аммо куҳна ва корношоям буд. Бачаҳои мо техникаро худ ҷамъу ҷӯр карданд. Масалан, аз ду мошин як мошин, аз ду ё се трактор як трактор сохтанд. Ҳатто аз қисмҳои эҳтиётии чанд комбайн як комбайни дигар ҷӯр карданд", - афзуд ӯ. Интизор меравад, ҳар гуруҳи иборат аз 50 муҳоҷирро як намояндаи ширкати "Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” ҳамроҳӣ кунад. "Ҳоло мо бо се корхона дар Русия вориди музокира шудаем. Сухан аз фиристодани ҳудуди 200-250 нафар меравад. Дар умум, имсол ният дорем то 700 нафарро ба кор истихдом кунем", - шарҳ дод намояндаи ширкат. Вай гуфт, ширкат барои ҳифзи ҳуқуқ ва манофиатҳои меҳнативу иқтисодии муҳоҷирин кӯмак хоҳад кард. Роҳкирои муҳоҷирин, ҳамчунин хароҷоти омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ба даст овардани шиносномаҳои хориҷӣ, аз ҳисоби корфармоёни Русия пардохт мешаванд. Ҳамчунин муҳоҷирин дар Русия бо ҷойи хоб таъмин хоҳанд шуд. Маблағи патент ва сабти ном ҳам ба дӯши корфармост. Баъд ин хароҷот аз ҳисоби маоши муҳоҷирин гирифта мешавад. Ба қавли Насриев, интиқоли коргарон ба Русия низ ҳоло ба як мушкили доғ табдил ёфтаааст. Агар дар гузашта муҳоҷирин ба Русия бо қатор мерафтанд, ҳоло фақат як роҳ доранд – ҳавопаймо. "Ба ҷои як чиптаи имрӯзаи ҳавопаймо дар гузашта мешуд барои 10 кас чиптаи қатор харидорӣ кард. Ин мушкили аз ҳама доғ аст", - афзуд ӯ. Ӯ ба ин бовар аст, ки ин мушкил бо боз шудани роҳҳои заминӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20210603/tavajjuh-muhojir-tojik-rusiya-gum-1039929312.html
https://sputnik.tj/20210520/tojikiston-birzhai-mehnatii-muhojiron-1039598061.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061233608_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_3b8bd6fa53a5ede4d7efaa4dfa0cc612.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳкиро, кор, ҷои хоб, биржа
роҳкиро, кор, ҷои хоб, биржа
Роҳкиро, кор, ҷои хоб: “Биржаи меҳнати муҳоҷирин” чӣ кор мекунад?
10:53 03.06.2021 (Навсозишуда: 17:01 27.01.2024) “Биржаи меҳнати муҳоҷирин” кӯмакҳои худ ба муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро аз хонаашон дар Тоҷикистон то ҷои корашон дар Русия мерасонад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ин ширкат, ки таҳти пуштибонии Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон таъсис ёфт, ният дорад, бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монад.
Тими кормандони “Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” онҳоеро, ки мехоҳанд барои кор ба кишвари дигар раванд, дастгирӣ ва аз манфиатҳои онҳо дар кишвари хориҷӣ ҳимоят мекунад. Ҳамзамон истихдом (ҷалб) - и дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар хориҷа, қабл аз ҳама, Русия анҷом хоҳад дод.
Мутеулло Насриев, муовини “Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкат дар интизори ба даст овардани қарори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи муҷаввизи фаъолият аст. Вай гуфт, аллакай тавофуқот дар бораи ҳамкорӣ бо чанд ширкат дар Русияро ниҳоӣ кардаанд.
"Аммо ҳоло ки муҷаввизи фаъолиятро ба даст наовардаем, наметавонем созишномаҳоро ба имзо расонем. Аммо тавофуқот ҳосил шудаанд. Ба гунаи мисол, бо фабрикаи мурғпарварии Томбов", - гуфт Насриев.
Ҳамчунин таваҷҷӯҳи худ ба ҷалби муҳоҷирини меҳнатӣ аз Тоҷикистонро соҳибкороне аз Ростов ва Подмоскове изҳор доштаанд. Ба ҳамин минвол, хоҷагиҳои фермерӣ омодаанд ҳудуди 40-50 корманди хориҷиро қабул кунанд.
“Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” тасмим дорад, аз Тоҷикистон умдатан ихтисосҳои коргарӣ ё мутахассису коргарони одиро барои кор дар соҳаи агросаноатӣ ҷалб кунад. "Дархостҳои расмӣ ҳанӯз вуҷуд надоранд ва дар бораи арқоми дақиқ наметавонем суҳбат кунем. Аммо шарикони кори мо ба онҳое зарурат доранд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, фабрикаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои гӯштиву ширӣ кор кунанд", - афзуд ӯ.
Муовини директор афзуд, ки тими ширкат бо ин гуна фаъолиятҳо ҳанӯз аз соли 1993 ба ин сӯ дар Биржаи меҳнатии ҷавонони назди собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ машғул буд. Аммо баробари шурӯъи пандемияи “вируси корона” ба кори худ хотима бахшид ва кори ширкати навро аз сифр оғоз кардааст.
Насриев қисса мекунад, ки соли 2006 ба як колхози азкормонда дар ноҳияи Градишеви вилояти Волгоград ҳудуди 200 тоҷикистонӣ истихдом шуданд. Ин колхоз бо талоши муҳоҷирини меҳнатӣ ба по хест.
"Техника дошт, аммо куҳна ва корношоям буд. Бачаҳои мо техникаро худ ҷамъу ҷӯр карданд. Масалан, аз ду мошин як мошин, аз ду ё се трактор як трактор сохтанд. Ҳатто аз қисмҳои эҳтиётии чанд комбайн як комбайни дигар ҷӯр карданд", - афзуд ӯ.
Интизор меравад, ҳар гуруҳи иборат аз 50 муҳоҷирро як намояндаи ширкати "Биржаи меҳнатии муҳоҷирин” ҳамроҳӣ кунад. "Ҳоло мо бо се корхона дар Русия вориди музокира шудаем. Сухан аз фиристодани ҳудуди 200-250 нафар меравад. Дар умум, имсол ният дорем то 700 нафарро ба кор истихдом кунем", - шарҳ дод намояндаи ширкат.
Вай гуфт, ширкат барои ҳифзи ҳуқуқ ва манофиатҳои меҳнативу иқтисодии муҳоҷирин кӯмак хоҳад кард. Роҳкирои муҳоҷирин, ҳамчунин хароҷоти омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ба даст овардани шиносномаҳои хориҷӣ, аз ҳисоби корфармоёни Русия пардохт мешаванд.
Ҳамчунин муҳоҷирин дар Русия бо ҷойи хоб таъмин хоҳанд шуд. Маблағи патент ва сабти ном ҳам ба дӯши корфармост. Баъд ин хароҷот аз ҳисоби маоши муҳоҷирин гирифта мешавад. Ба қавли Насриев, интиқоли коргарон ба Русия низ ҳоло ба як мушкили доғ табдил ёфтаааст. Агар дар гузашта муҳоҷирин ба Русия бо қатор мерафтанд, ҳоло фақат як роҳ доранд – ҳавопаймо.
"Ба ҷои як чиптаи имрӯзаи ҳавопаймо дар гузашта мешуд барои 10 кас чиптаи қатор харидорӣ кард. Ин мушкили аз ҳама доғ аст", - афзуд ӯ. Ӯ ба ин бовар аст, ки ин мушкил бо боз шудани роҳҳои заминӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.