https://sputnik.tj/20210603/rohhati-olimpi-tojikiston-sabqat-majoriston-judokor-1039932413.html
Талош барои роҳхати олимпӣ: Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 6 ҷудокор мефиристад
Талош барои роҳхати олимпӣ: Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 6 ҷудокор мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо шаш варзишгар намояндагӣ мекунад
2021-06-03T10:36+0500
2021-06-03T10:36+0500
2021-07-29T13:34+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
варзишгар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_54:0:946:502_1920x0_80_0_0_98f0216a960879084a290f96b729358e.png
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ин сабқат аз 6-ум то 13-уми июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.Барои намояндагӣ аз Тоҷикистон ба он варзишгарон - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+ 100 кг) ва дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг хоҳанд рафт.Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои ҷудочиёни роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 703 ҷудочӣ 412 мард ва 291 мард аз 131 мамлкати 5 қитъаи гетӣ дар назар аст. Дар ибтидо иштироки ҳафт варзишгари мо дар назар буд, аммо Сомон Маҳмадбеков бо сабаби осеб бардоштан аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон даст кашид.Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.Ҳамин тавр да ин мусобиқа, барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.
https://sputnik.tj/20210507/varzishgaroni-tojik-musobiqai-kazan-grand-slam-nokom-1039315100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_145:0:857:534_1920x0_80_0_0_1ac502b892fe012345d5bf7e1701ad31.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳхат, олимпиада, тоҷикистон, сабқат, маҷористон, ҷудокор
роҳхат, олимпиада, тоҷикистон, сабқат, маҷористон, ҷудокор
Талош барои роҳхати олимпӣ: Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 6 ҷудокор мефиристад
10:36 03.06.2021 (Навсозишуда: 13:34 29.07.2021) Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо шаш варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ин сабқат аз 6-ум то 13-уми июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Барои намояндагӣ аз Тоҷикистон ба он варзишгарон - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+ 100 кг) ва дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг хоҳанд рафт.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои ҷудочиёни роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 703 ҷудочӣ 412 мард ва 291 мард аз 131 мамлкати 5 қитъаи гетӣ дар назар аст.
Дар ибтидо иштироки ҳафт варзишгари мо дар назар буд, аммо Сомон Маҳмадбеков бо сабаби осеб бардоштан аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон даст кашид.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд.
Ҳамин тавр да ин мусобиқа, барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.