Президенти Сурия бо ваксинаи "Спутник V" алайҳи коронавирус эм карда шуд

© AFP 2023Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Дар Сурия ваксинзанӣ алайҳи коронавирус бо доруи истеҳсоли Русия идома дорад: президент Башор Асад низ эм карда шуд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад бо ваксинаи русии "Спутник V" алайҳи коронавирус эм карда шуд.
Ин хабарро сафири ин кишвар дар Федератсияи Русия Риёз Ҳаддод зимни Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург тасдиқ кард.
"Бале, ӯро эм карданд", - посух дод сафир ӯ ба саволи дахлдори рӯзноманигорон.
Ба гуфти Ҳаддод. дар Сурия эмгузаронӣ бо "Спутник V" босуръат идома дорад. Ин марҳилаи сеюми истифодаи ваксин дар кишвар аст. Гурӯҳи аввали ваксина барои эмгузаронии табибон ва шахсони мансабдор равона шуда буд.
Вакцинация детей от полиомиелита  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Даъвати Вазорати тандурустӣ аз волидони тоҷик: то 5 июн кӯдаконро эм кунед
Ёдовар мешавем, ки Асад аввалин сарвари давлат нест, ки саломатии худро бо ёрии доруи Русия ҳимоя мекунад.
Масалан, президенти Аргентина Алберто Фернандес, кишвардори Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Боливия Луис Арсе ва дигарон низ бо "Спутник V" эм карда шуданд.
Бонуи аввали Қирғизистон аз коронавирус эм карда шуд: аҳволаш чӣ гуна аст?
SPIEF дар Санкт-Петербург аз 2 то 5 июн баргузор мешавад. Ин як чорабинии тиҷорӣ мебошад, ки ба масъалаҳои ҷории иқтисодӣ бахшида мешавад.
Дар форум беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони тақрибан 120 кишвар ширкат меварзанд. Аз ҷумла роҳбарони бузургтарин ширкатҳои Русия ва хориҷӣ, сарони давлатҳо ва пешвоёни сиёсӣ.
Лентаи хабарҳо
0