“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ҷанги снайперҳо”: раиси шаҳри Исфараро кӣ парронд?
Обуна шудан
Даргирии рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз тири снайпер (нишонзан) сар шуд. Аксари онҳое ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон кушта шудаанд, ҳадафи тири нишонзанҳои қирғиз қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон як субҳи босафои моҳи май дар муқобили ҳукумати шаҳри Исфара “гир кард”. Ӯ дар кӯча бо меҳмонҳое аз Хуҷанду ҷамоатҳои Исфара машғули суҳбат буд.
Пас аз захмӣ шудани ӯ ин шоеот сайр мекарданд, ки раиси шаҳри Исфара аз тири снайпер захмӣ шудааст, суоли асосӣ ҳам аз ӯ ин буд: “кӣ ба Шумо тир андохт?”.
“Бале, ман аз тири снайпер захм бардоштам. Тир аз қисмати чапи қафаси синаам ворид шуда, дар қисмати рост руст карда буд. Онро дар Хуҷанд духтурон берун оварданд”, - гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.
Раиси шаҳри Исфара зоҳиран як шахси камсухан аст. Бо он вуҷуд ки ду ҷарроҳиро паси сар кардааст, солор қадам мениҳад, намегӯӣ, ки ӯ чӣ даҳшатеро аз сар гузаронида ва дар чандқадамии марг будааст.
Аммо дар маҳалли ҳодиса аз ин боб қиссаҳое шунидем, ки касро шокӣ мекунанд.
Тир ба пешонӣ
Дар гузашта расонаҳо аз ҳузури воҳиди нухбаи “Каждум” (Скорпион)–и вазорати дифоъи Қирғизистон навишта буданд, ки аз тири снайперҳои онҳо 13 марти соли 2019 Ҳусейнхон Ҳакимов, сокини 43-солаи Хоҷаи Аъло ва 14 марти ҳамон сол Рафоҳиддин Тешаев, сокини 26–солаи деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ба ҳалокат расида буданд.
Аммо он рӯз – 29 апрел – снайперҳо маҳшар ба по карданд. Sputnik Тоҷикистон аз суҳбат бо наздикони кушташудагон ва масъулини маҳал дар Исфара иттилооти ҷолиберо ба даст овард.
Ба қавли шоҳидони саҳна дар маҳалли сарбанди “Головное” – и деҳаи Хоҷаи Аъло, Ҳасан Акбаров, афсари неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро ҳамроҳӣ мекард, ҳадафи тири снайпер шуда буд.
“Дар бадани Ҳасан ду захми тир дида мешуд. Як тир аз пушт аз тарафи дасти рост ва тири дигар аз ноҳияи зери дил ба баданаш хӯрда буд", - гуфт Идибек Акбаров, бародари ӯ.
Дар “Головное” афсари дигари марзбонӣ Абдуллоҳ Саидов аз сар ва сарбози ин нерӯҳо Аслиддин Абдузамонов аз чашм ва дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки Исфара Меҳрӯзиддин Болтаев, пизишки нерӯҳои марзбонӣ аз пешонӣ тир хӯрда буданд.
“Ӯ мехостааст ба як сарбози захмӣ кӯмак кунад, ки ҳадафи тири снайпер қарор гирифтааст”, - гуфт Муҳриддин Болтаев, падари ӯ.
Ҳасанхон Шаропов (1989), сокини маҳаллаи Масҷиди Миёна ва сарбоз Нусратулло Набиев (2001), сокини маҳаллаи Сомониён, дар назди пойгоҳи марзбонии неруҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Сомониён низ аз тири нишонзанҳо кушта шудаанд.
“Снайперҳо, бахусус, афроди фаъол ва низомиёнро нишон мегиранд. Масалан, Ҳакимбой Ниёзов (1982), сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоев, яке аз ҷавонони фаъолро қирғизҳо муддатҳо ба ин сӯ таъқиб мекарданд. Вақте ӯ дар маҳаллаи Қаҳқири Чоркӯҳ буд, ӯро дар миёни чандин нафар шиносоӣ карданд ва тири снайпер ба шикамаш хӯрду ҳалок шуд”, - гуфт Усмон Каримов, сокини Чоркуҳ ва шоҳиди саҳна.
Умедҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки низ аз ҷавонони фаъоли деҳаи Қалъача буд, рӯзи 29 апрел тири снайпер дарёб кардааст.
“Ӯро огоҳона ва амдан куштанд. Аз миёни чаҳор нафаре, ки дар саҳна ҳозир буданд, снайпер маҳз ӯро ҳадаф қарор дод. Тир ба ноҳияи дили ӯ асобат кард”, - гуфт Абдурабеъ, яке аз хешовандони ӯ.
Дар ҳамин ҳол, қиссаву ахбор аз ширкати снайперҳои тоҷик ва қурбониёни онҳо аз ҷониби Қирғизистон низ дар расонаҳои Қирғизистон гуфта мешаванд. Маҷмӯае аз иттилооти ду ҷониб нишон медиҳад, ки даргириҳои марзии 29 апрел то ҷое сабқати снайперҳои ду ҷониб будааст, як сабқати хеле хунин ва мусибатофар.
Зан-снайперҳои хориҷӣ
Ҳузури снайперҳо дар миёни нерӯҳои низомии Қирғизистонро қаблан Хуршед Муҳаммадзода, фармондеҳи гуруҳи вокуниши сареъ ё ОМОН – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба расонаҳо таъйид намуда, гуфта буд, ки аксари кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон аз пешонӣ тир хӯрдаанд ва фақат тирандозони касбӣ – снайперҳо метавонанд ин ноҳияи бадани инсонро дақиқ нишон бигиранд.
Низомиён мегӯянд, ба ҷуз ҳадаф гирифтани аъзои махсуси бадан, далели дигари аз тири снайперҳо кушта шудани қурбониён ин аст, ки тири туфангҳои снайперӣ аз тирҳои маъмулӣ фарқ мекунад.
“Масалан, андозаву шакли ҳандасии онҳо дигар аст ва ағлаб барои он ки таодули вазнашон ҳангоми ҳаракат ба сӯи ҳадаф тағйир наёбад, ҳатто ранг намешаванд. Ин гуна тирҳо дар лабораторияҳои махсус тайёр карда мешаванд”, - гуфт як мутахассиси низомӣ.
Ҳамсуҳбатони мо дар Хоҷаи Аъло аз ҳузур ва кушта шудани се зани снайпер, ки дуи онҳо шаҳрванди Украина ва яки дигар табааи Қирғизистон ё Қазоқистон буданд, қисса мекунанд. Ба қавли онҳо, маҳз украиниҳо дар бағали кӯҳи канори сарбанди “Головное” мавқеъ гирифта, раиси шаҳри Исфараро захмӣ карданд ва сокинони Чоркуҳу афсару сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба шаҳодат расониданд.
“Онҳо аз қабл – ду соли пеш дар ин манотиқ дар сафи воҳиди нухбаи “Каждум” (Скорпион)–и вазорати дифоъи Қирғизистон кор мекарданд. Ин иттилоъ тариқи манбаъҳои истихборотии мо дар қаламравии марзии Қирғизистон соли 2019 ба даст омада буд. Мо ҳам онҳоро таъқиб мекардем”, - гуфт яке аз фаъолони Чоркуҳ, ки нахост номашро зикр кунем.
Аммо, бино ба иттилои манобеъи маҳаллӣ, даргириҳои 29 апрел ба зиндагии ин занони снайпери украинӣ хотима гузоштааст. Вақте онҳо дар пайи фишори низомиёни тоҷик аз “Головное” ба деҳаи Кӯктош ақибнишинӣ карда, дар наздикии пойгоҳи марзбонии “Душанбе”, шафати маҳаллаи Сомониён, мавқеъ гирифтанд, аз сӯи як снайпери тоҷик кашф ва хунсо шуданд.
“Яке дар дарахти сепедор ва дигарӣ, дар болои дарахти зардолуи як сокини Кӯктош истода, ду нафар – сарбози пойгоҳи мазкур Нусратулло Набиев, сокини маҳаллаи Сомониён ва Ҳасан Шаропов, сокини маҳаллаи Масҷиди Миёнаи ҷамоати Ворухро аз по дароварданд. Вақте маҳалли онҳо кашф шуд, аз сӯи снайпери мо, ки корманди одии милиса аст, кушта шуданд”, - гуфт Усмон Каримов.
Ба қавли ӯ, снайперзани қирғиз ё қазоқ, ки низ дар болои дарахти сапедор мавқеъ гирифта буд, аз сӯи як снайпери марзбонии тоҷик, хунсо шудааст.
Иттилоъ дар бораи занони снайпери хориҷӣ ва ҳузуру фаъолиятҳои онҳо дар танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро расман ҷонибе таъйид накардааст, аммо “корнома”-ҳои дар умум снайперҳо дар даргириҳои марзӣ ҳама мустанад шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хавфи ин ки кас нохост дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи тири снайперҳо қарор гирад, ҳамоно боқист. Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон ҳар лаҳза таъкид мекарданд, ки тамоми ҳаракатҳо дар ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх, Чоркуҳ ва Ворух аз сӯи снайперҳо, ки дар теппаҳои куҳҳои атроф ҷой гирифтаанд, назорат мешаванд ва кас набояд бо амали ноҷо онҳоро таҳрик диҳад.
Даргириҳои марзӣ ҳаволии зуҳри рӯзи 29 апрел дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара оғоз шуда, дар як фосилаи кӯтоҳ ба ҷамоатҳои Шаҳраку Сурх ва Ворухи ин шаҳр ва бегоҳи ҳамон рӯз ба ҷамоатҳои Овчиқалъачаву Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доман густурданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар даргириҳои он рӯз 19 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шудаанд, ки 9 тан мулкӣ ва 10 нафари дигар сарбозу афсари нерӯҳои низомии ин кишвар мебошанд.