https://sputnik.tj/20210602/oghoz-parvozho-nalchik-dushanbe-jadval-1039905737.html
Парвози вижа аз Налчик ба Душанбе: кай?
Парвози вижа аз Налчик ба Душанбе: кай?
Sputnik Тоҷикистон
Парвоз дар масири Налчик - Душанбе 3 июн сурат мегирад ва онро ширкати "Уралские авиалинии" анҷом медиҳад
2021-06-02T12:33+0500
2021-06-02T12:33+0500
2021-06-02T13:39+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
душанбе
парвоз
налчик
алоқаи ҳавоӣ
дар русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101788/71/1017887132_20:0:3661:2048_1920x0_80_0_0_c31810f3ebdffaa11b3d16be7f2c8560.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Аз пойтахти Қабардину Болқар парвозҳо ба Тоҷикистон оғоз мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба директори генералии фурудгоҳи Налчик Виталий Беланов. Парвозро ширкати "Уралские авиалинии" иҷро мекунад. Бояд гуфт, ки ин парвози махсус яъне - яквақта хоҳад буд. Аммо, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки парвоз дар ин масир ба таври доимӣ анҷом дода шавад.Ёдовар мешавем, ки 1 апрел Русия парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро барқарор кард, ки моҳи марти соли 2020 бо сабаби сар задани пандемияи коронавирус қатъ шуд.Русия шумораи парвозҳоро бо даҳ кишвар зиёд мекунад: Тоҷикистон дар рӯйхатПарвозҳои муназзамро байни Душанбе ва Маскав ду ширкати ҳавопаймоӣ - "Сомон Эйр" (рӯзҳои сешанбе) ва Utair (рӯзҳои ҷумъа) анҷом медиҳанд. Рӯзи 1 июн маълум шуд, ки пас аз 10 рӯз боз як хатсайри мунтазам дар масири Маскав-Душанбе илова мешавад. Бурятия мехоҳад равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистонро барқарор кунадИнчунин, дар байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамарӯза тақрибан 10 парвози чартерӣ сурат мегирад.
душанбе
налчик
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101788/71/1017887132_475:0:3206:2048_1920x0_80_0_0_664d9d5d71d3bfaa0399458f1e9cc478.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғози парвозҳо, душанбе, налчик
оғози парвозҳо, душанбе, налчик
Парвози вижа аз Налчик ба Душанбе: кай?
12:33 02.06.2021 (Навсозишуда: 13:39 02.06.2021) Парвоз дар масири Налчик - Душанбе 3 июн сурат мегирад ва онро ширкати "Уралские авиалинии" анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Аз пойтахти Қабардину Болқар парвозҳо ба Тоҷикистон оғоз мешавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба директори генералии фурудгоҳи Налчик Виталий Беланов.
Ба гуфти ӯ, парвози аввал дар масири Налчик-Душанбе бояд рӯзи панҷшанбе - 3 июн анҷом шавад.
Парвозро ширкати "Уралские авиалинии" иҷро мекунад. Бояд гуфт, ки ин парвози махсус яъне - яквақта хоҳад буд.
Аммо, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки парвоз дар ин масир ба таври доимӣ анҷом дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел Русия парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро барқарор кард, ки моҳи марти соли 2020 бо сабаби сар задани пандемияи коронавирус қатъ шуд.
Парвозҳои муназзамро байни Душанбе ва Маскав ду ширкати ҳавопаймоӣ - "Сомон Эйр" (рӯзҳои сешанбе) ва Utair (рӯзҳои ҷумъа) анҷом медиҳанд.
Рӯзи 1 июн маълум шуд, ки пас аз 10 рӯз боз як хатсайри мунтазам дар масири Маскав-Душанбе илова мешавад.
Инчунин, дар байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамарӯза тақрибан 10 парвози чартерӣ сурат мегирад.