https://sputnik.tj/20210602/navori-peshvozgiri-imron-hon-emomali-rahmon-1039908232.html
Навори пешвозгирии Имрон Хон ва горди фахрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
Навори пешвозгирии Имрон Хон ва горди фахрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар Исломобод бо горди фахрӣ пешвоз гирифтанд
2021-06-02T13:00+0500
2021-06-02T13:00+0500
2021-06-10T13:43+0500
видео
дар тоҷикистон
покистон
пешвоз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039907258_44:0:933:500_1920x0_80_0_0_30732a743dca5a9acfd988b0c5d6439a.jpg
Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон бо садо додани суруди миллии ду кишвар ва сафкашии горди фахрӣ оғоз гардид. Бар асоси наворе, ки расонаҳои покистонӣ нашр намудаанд, зимни гузашт аз пеши горди фахрӣ Эмомалӣ Раҳмонро Имрон Хон, сарвазири Покистон ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо ҳамчунин ниҳоли дӯстӣ шинонданд. Ба ифтихори ду роҳбари давлат суруди миллии ду кишвар садо дод. Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пойтахти Покистон барои пазироии меҳмони олимақом аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо, шиору овезаҳо насб гардидаанд. Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039907258_155:0:822:500_1920x0_80_0_0_0a587dca74579441183a589d9f7f920b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешвоз, имрон хон, покистон, тоҷикистон
пешвоз, имрон хон, покистон, тоҷикистон
Навори пешвозгирии Имрон Хон ва горди фахрӣ аз Эмомалӣ Раҳмон
13:00 02.06.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар Исломобод бо горди фахрӣ пешвоз гирифтанд
Сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон бо садо додани суруди миллии ду кишвар ва сафкашии горди фахрӣ оғоз гардид.
Бар асоси наворе, ки расонаҳои покистонӣ нашр намудаанд, зимни гузашт аз пеши горди фахрӣ Эмомалӣ Раҳмонро Имрон Хон, сарвазири Покистон ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо ҳамчунин ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Ба ифтихори ду роҳбари давлат суруди миллии ду кишвар садо дод.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пойтахти Покистон барои пазироии меҳмони олимақом аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо, шиору овезаҳо насб гардидаанд.
Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.