https://sputnik.tj/20210602/muloqot-raison-sugd-bodkand-marz-tojikistonu-qirghiziston-1039901380.html
Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, расиони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, дар марз мулоқот кардаанд
2021-06-02T09:00+0500
2021-06-02T09:00+0500
2021-06-02T13:27+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
суғд
исфара
раҷаббой аҳмадзода
музокирот
бодканд
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/82/1030028264_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_e894cb94783613ff81b8017717acfaad.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Бодканди Қирғизистон, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таъмини амният дар сарҳадро баррасӣ карда, ба зарурати рафъи пайомадҳои муноқиша ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ таъкид намудаанд.Манбаъ илова кардааст, ки мулоқоти ду раиси вилоятҳо санаи 31-уми май баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд дар бораи ҳузури Аҳмадзода дар Исфара ва оғози мумфаршкунии баъзе аз қитъаҳои роҳ гузориш дод, аммо дар бораи вохӯрӣ чизе иттилоъ надодааст.Ба иттилои манбаъ дар байни деҳаҳои Мақсати Қирғизистон ва Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон навбатдории милисаҳо ташкил шудааст. Ҷониби Қирғизистон таъкид доштааст, ки тарафҳо дар ин бора ҳанӯз соли 2019 ба созиш расида буданд, вале иҷро нагардида буд.Ёдрас мешавем, ки санаи 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва беш аз 180 маҷрӯҳ хабар дод.Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.
https://sputnik.tj/20210501/guftushunid-marz-botkand-tojikistonu-qirghiziston-1039208501.html
қирғизистон
суғд
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/82/1030028264_116:0:1025:682_1920x0_80_0_0_a79be2a8f83894c4c453d0397c8d61a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, мулоқот, суғд, бодканд, марз
тоҷикистон, қирғизистон, мулоқот, суғд, бодканд, марз
Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
09:00 02.06.2021 (Навсозишуда: 13:27 02.06.2021) Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев, раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, дар марз мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Бодканди Қирғизистон, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои таъмини амният дар сарҳадро баррасӣ карда, ба зарурати рафъи пайомадҳои муноқиша ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ таъкид намудаанд.
Манбаъ илова кардааст, ки мулоқоти ду раиси вилоятҳо санаи 31-уми май баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд дар бораи ҳузури Аҳмадзода дар Исфара ва оғози мумфаршкунии баъзе аз қитъаҳои роҳ гузориш дод, аммо дар бораи вохӯрӣ чизе иттилоъ надодааст.
Ба иттилои манбаъ дар байни деҳаҳои Мақсати Қирғизистон ва Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон навбатдории милисаҳо ташкил шудааст. Ҷониби Қирғизистон таъкид доштааст, ки тарафҳо дар ин бора ҳанӯз соли 2019 ба созиш расида буданд, вале иҷро нагардида буд.
Ёдрас мешавем, ки санаи 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва беш аз 180 маҷрӯҳ хабар дод.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии мусаллаҳона айбдор мекунанд. Додситониҳои ду кишвар ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 400 километри он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Ҷанҷолҳо асосан дар минтақаҳои баҳснок бар сари замин ва обу чарогоҳ сар мезананд.